АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАДОНАД ДАР ҶАҲОН…

Мардуми Тоҷикистон аз ношукрӣ ва хоинии Мухиддин Кабирӣ хуб огоҳ ҳастанд  ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин шайтони одамсиришт бовар нахоҳанд кард.  Вале нанговар он аст, ки ӯ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистон, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд, суханҳои тӯҳматангез мезананд. Бо истифода аз пушту паноҳи  хоҷагони хориҷаш  барои рушд намудани кишвари мо монеъ шудан кушиш намуда истодааст.Таблиғотгароии М.Кабирӣ ва умуман наҳзатиён дар ин масоил собит менамояд, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кӯр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд.  Кабирӣ дар баромади худ боэхсос оид ба мафхумхои «ҷудоиандозӣ» ва «ноҷавонмардӣ» сухан мегӯяд. Ин таъкидҳо бо кадом ченакҳо ҳисоб карда мешавад?  Оё истифодаи вожаи муқаддаси «ислом» дар номи ҳизб ва бо ин васила фишор овардан ба ирода ва беихтиёр ҷалб кардани ашхоси мусалмон ба ҷонибдории  ҲНИ ва ё ПМ ва зери танқид гирифтани ҳукукматро доранду халос!  Дар иртибот ба ин тавре шоир фармудааст:

Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон,

Умуман кори наҳзатиён имрӯз танҳо кофтукоби айби касон аст!

Ёдовар шудан зарур аст, ки дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ҳар як миллату давлате ба худ мушкилотҳои иқтисодиву иҷтимоии худро дораду кишвари Тоҷикистон низ аз он истисно несту ҳама мухолифони давлатҳои дигар ба ҳам омада, баҳри аз вазъияти ба вуқӯъ омада баромадан ба ҳам меоянду, мутаассифона, баъзе ашхос бо ибораи дигар“ҳаммиллатон” –и мо бо номи мухолиф кори душманона карда, нуфузу мартабаи миллату давлати тоҷиконро дар арсаи сиёсӣ паст фуроварда назди хоҷаҳои хориҷиашон мехоҳанд холҳои сиёсӣ ба даст оранд. Бо ҳамин мақсадҳо таҳти роҳбарии М. Кабирӣ пайравонаш чун Салимпур, Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо, ҳамарӯза дар сомонаҳои интернетӣ бо суханҳои бофтаву бардурӯғ фаъолиятҳои экстремистиву ифротии хешро амалӣ намуда истодаанд.Бо назардошти ин шинохти аслии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайрави аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзонаи миллат аз ҳар як фарди боору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб намуда, накӯкориву поквиҷдонӣ, ростқавливу ҳақиқатпарастӣ, ватандӯстӣ ва содиқонаву софдилона хизмат намудан ба миллату давлат нишон аз ҷавонмардӣ ва инсондӯстиву шарафмандист. Пас ҳар яки моро месазад, ки дар партави  иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди устувори кишварамон камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасаро дар хизмати содиқона ба миллату давлат ва Ватани азизу ҷоноҷонамон Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода амалҳои хоинонаву разилонаи душманони миллату давлатамонро сахт маҳкум намуда,  минбаъд низ баҳри пурра решакан намудани гурӯҳҳову ташкилотҳои бо ном экстремистиву террористӣ  муборизаи беамон бояд бурд.

 

Ахмедов М.-муаллими калони кафедраи

математекаи олӣ  ва технологияҳои инноватсионӣ 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *