ТӮДАИ ВАТАНГАДОЁНИ САРГАРДОН

                                                                                                     

       Мо борҳо вобаста ба баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли” мебошад, андешаҳои худро иброз дошта, онро шадидан маҳкум кардааем. Оид ба баромадҳои ифротии навбатии ин афроди бешараф, ки дар давоми моҳи феврал, аз ҷумла санаҳои 16, 19, 23 ва 26 феврали соли равон тавассути сомонаи ифротӣ – “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону пайравонаш, асосан вобаста ба баргузории маъраки “Интихоби вакилони халҳ-2025” андешаи носолимашро баён сохта, нисбат ба давлату миллати кишвар суханони таҳқиромез гуфт. Сараввал мо баромади навбатии М.Садриддинро шадидан маҳкум намуда, ибрози андеша намуда, гуфтанием, ки М.Садридин ва умуман, раҳбарияту ҳаммаслакони наҳзат имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, ифроткориро пеша намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр иғвову буҳтон бофта, мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш доранд, ки ба миллати мо хос нест. Баромадҳои ифротии М.Садриддин ва алалхусус яке аз шогирдаш Восиев Абухалил, лақабаш “Алмаз” ва думраваш Муҳаммад Тағоевро

                                                                                                     

таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин тӯдаи ватангадоёни саргардон майнаи холии сарашонро ғояҳои ифротию нақшаҳои иғвоангезӣ, бӯҳтонбофӣ ва ғайра пур кардаасту дигар маълумоту донишро ҷой намондааст.
Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар баромадҳои ин тудаи роҳгумзадаи фирорӣ ва раҳбару хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Муҳим он аст, ки ҳар шахсу гурӯҳи муғриз ва ҷоҳталаб бо ваъдаҳои пуч моро фирефта натавонад кард. Бовар дорам, минбаъд низ ягон бадхоҳ наметавонад дар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна эҷод намояд. Ҳимояи ватан аз чунин нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст ва набояд нохалафон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд. Мо бояд минбаъд низ дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид бошем. Зеро ин ягона роҳест, ки моро ба сӯи музаффариятҳои нав, ба сӯи ваҳдату ягонагӣ мебарад.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *