Дар ҷаласаи САҲА дар Варшава яке аз аъзои ТЭТ ҲНИ Ёқубов Илҳом, ки домони аврупоӣ-Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад, суханронӣ карда, нисбати авзои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар фикру мулоҳизаҳои бемантиқи худро баён дошт.
Илҳом Ёқубов мисли як савдогари кўчаву бозор, ки дар ҷомеаи мо ягон мавқеъ надорад, дар сомонаи интернетӣ барои бадном кардани Тоҷикистон ба иғвову дасиса машғул аст. Ў низоми судии Тоҷикистонро нодида гирифта, ин низомро бо буҳтону суханҳои пуч бадном карданист. Илҳом Ёқубов, ки дар хориҷа қарор дорад имрўз аз вазъи кишвар огаҳӣ надорад. Ин зархариди хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳукми сафедкунанда бароварда нашудааст ва ин гапҳои вай беасосу бепояанд.
Аслан худи ў чӣ будани моҳияти илму технология, рўзноманигорӣ ва адолати судиро дуруст дарк накарда, андешаҳояшро дар ин бора баён медорад. Боиси тааҷҷуб аст, ки онҳо номи Тоҷикистонро ба иттиҳоди навтаъсиси худ ҳамроҳ кардаанд, ки ин тамоман ғайри қобили қабул аст. Тоҷикистонро имрўз кулли мардуми олам бо фарзандони сулҳовару ташаббускораш эътироф намуда, ҳусни таваҷҷўҳ доранд. На бо хоинону ватанфурўшон. Илҳом Ёқубов худро “адолатпарвару озодандеш” мешуморад, бояд андеша кунад… Кист ў? Ва кадом амалҳои некашро халқи тоҷик медонад ва дар арсаи байналмилалӣ ба ғайр аз хоҷии хориҷиашон боз кадом ашхос ўро мешиносанд?
Ҳамин тариқ, мо ҳамаи гуфтаҳои Илҳом Ёқубовро инкор ва маҳкум намуда, аз ҷавонони худшиносу худогоҳ даъват ба амал меоварем, ки фирефтаи дасисаҳои душманонаи миллат нагарданд.
Бахадиров Ҳ.И.
декани факултети молия ва
баҳисобгирии бухгалтерӣ