Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали давлатдорӣ ба насли ҷавон ҳамчун нерўи созанда, бунёдкор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин баробар, вобаста ба имконот тамоми шароитро барои буду бош, зисту зиндагонӣ, илмазхудкунӣ ва фаъолияти минбаъдаи насли чавон фароҳам овардааст. Далели возеҳи ин гуфтаҳо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохўрию мулоқотхояшон бо қишри ҷавони ҷомеа гуфта мегузаранд: «Ҷавонони лаёқатманду соҳибфарханг ояндаи ҷомеаи навини Тоҷикситон мебошанд». Дар ҳақиқат, насли наврасу ҷавон нерўи бениҳоят бузурги созандаю бунёдкор дар роҳи фардои миллату давлат, умеди Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол аст.
Насли ҷавон тариқи ВАО хуб огоҳанд, ки имрўзҳо аз ҷониби намояндагони гурўҳҳои ифротгаро чи гуна содир намудани амалҳои мудхишу дахшатангез ба вуқўъ мепайвандад, ки ин кирдори онҳо ба тафаккуру ақли солими ҷомеаи муосир рост намеояд. Мутаассифона бархе аз ҷавонони бемаърифат, бефарҳанг моҳияти ин омилҳои номатлубро дуруст эҳсос накарда, баръакс бо ҷалби зархаридорони хориҷӣ ба ин гурўҳҳои ифротӣ шомил иштирок мекунанд. Мисоли ин шуда метавонад, ваҳшонияти рўзи 29 июл дар ноҳияи Данғара содиркардаи як идда ҷавонони зиштхўйю нохудогоҳ, ки қасди ҷони меҳмонони хориҷӣ намуда, чор нафарро қурбони амали нопокашон сохтаанд. Ин ҳодисаи нангин хилофи урфу одат, расму русум ва суннату анъаноти мардуми шарифи тоҷик аст.
Бояд гуфт, ки сар задани чунин ҳолатҳо, яъне шомилшавӣ ба гуруххои ифротӣ, анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон аз бетарафии волидон ва шахсони масъул аст, ки дар ҳолати ҷалб нагардидани ҷавонон ба муҳити оила, ба маслиҳатхои пандомези волидайн ва ширкат накардани онҳо дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, варзишию оммавӣ, саҳмгузорӣ дар ободии диёрамон онҳо ба доми гурўҳҳои ифротӣ меафтанд. Мутаассифона, тарғибгарони ҳаракатҳои экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ маҳз бо такя ба унсурҳои динӣ ҷалби ҷавонони соддаву зудбоварро роҳандозӣ мекунанд. Барои амалӣ шудани максадҳои нопоки худ бо қатлу ғорат рўз аз рўз кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин бо дини мубини ислом ҳеч робитае надорад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Ба умеди хоҷаҳои хориҷӣ нашавед, тафриқаандозӣ накунед ва ба хотири маблағи ночиз (ҳаром) номуси ватандории худро нафурўшед ва ба ин Ватан, ба ин сарзамин хиёнат накунед». Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки дар ҳамбастагӣ бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстдорию меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида, касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдўстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Тошматова Ш.А.
мудири бахши курсҳои тайёрӣ