Мусаллам аст, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, бахусус Афғонистон хеле ташвишовар боқи монда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо низ расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, аз қабили ДИИШ , Ал-Қоида ва амсоли ин манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз Афғонистон ва умуман олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст. Баробари ин, сафи ҷангҷуёну низомиёни гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтода кам нестанд. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини Ислом надорад. Вале, бархе гуруҳу такшилотҳои иғвогару хиёнаткор, ба мисоли ТТЭ ҲНИ ва “Гуруҳи 24” бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ фаъолияти мебаранд. Стратегияи асосии ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24 маълум аст, яъне касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотї ва интернетї, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозї менамояд.
Роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ҳарчанд дар қалби тамаддуни демократияи ҷаҳонӣ, яъне дар Иттиҳоди Аврупо ҷойгир шуда бошанд ҳам, аммо фарҳанги сиёсии онҳо дигар нашудааст. Хусусан риторикаи ҷангҷуёнаи роҳбарони ин гурӯҳҳои ҷинояткор боз ҳам густариш ёфта, ба мисли солҳои пеш онҳо аз ҳадафи халалдор намудани сулҳу суботи Тоҷикистон даст накашида, бараъкс ҳадафмандона барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон даъватҳо ба амал оварда истодаанд. Барои амали намудани ин мақсад имруз дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хочагони хориҷӣ, инчунин ба маҳвсозандаи несту ҳаёти ҷавонон машғуланд. Сайди асосии ТТЭ ҲНИ ва амсоли ин, асосан муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Таҳлилҳо собит менамоянд,ки ҷавонон дар бисёр ҳолатҳо барои ёфтани ҷавоб ба саволҳои норавшании динӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, алалхусус ба сомонаҳои ифротӣ рӯй меоваранд ва оқибат ба доми таблиғоти созмонҳои экстримистӣ меафтанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки бо назардошти ин ҳолат, аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад. Бояд қайд кард,ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомотҳои ҳифзу ҳуқуки кишварҳо дар соли 2022 97 нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз мамолики хориҷӣ ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 1200 ҷиноят вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст.Инчунин 24 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда, 31 амали террористӣ пешгирӣ гардидааст.
Хулоса, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшаваии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рузгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ