БАРОМАДҲОИ НОСОЛИМИ ТТЭ ҲНИ ВА ДУМРАВАШРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 Таҳлили фаъолияти  ТТЭ ҲНИ исбот намудааст, ки он бо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапӯшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 800 нафар узви ТТЭ ҲНИ барои алоқамандӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, ин ҳизб зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ-экстремистӣ, ба пойгоҳҳои террористиву экстремистии кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.

         Имруз раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ баъд аз исботу тасдиқ шудани амалҳои номатлуби содирнамудаашон, оқибат мардуд шуда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, имрӯз  бештарашон дар кишварҳои Аврупо қарор доранд. То ҳол ба худ хулосаи инсонӣ набароварда, боз чун солҳои 90-уми асри гузашта, мехоҳанд вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ барои амалӣ намудани ин мақсад, асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротиашон баромадҳои носолими бадахлоқона менамоянд, ки аз  беимонию  бевиҷдонӣ  ва  пастфитратии  онҳо  гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст.

Умуман рафтору гуфтори раҳбарияту ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои аҳмақона бори дигар ба мардум, бахусус ҷавонон собит намудааст.  Хулоса ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ  аз  таълимоти  дини мубини Ислом  дур буда,   муқобили  он  амал   менамоянд. Корашон танҳо кофтукоби айби касон ва  ғайбату тўҳмат аст.  Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

        Дар фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки мо  баромадҳои ТТЭ ҲНИ, “Гурўҳи 24” ва пайравону ҳаммаслаконаш ,алал хусус Кабирию Маммадиқболи Садриддин ва  Беҳрўзи Тағойзодаро  инкору маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан намудани ғояҳои ифроткорӣ камари ҳиммат баста, бар зидди хоинони давлату миллат муборизаи беамон баранд!

 

Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *