ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ ФИТНААНГЕЗ!

Мақсади навиштани мақолаи навбатии мо вобаста  ба ТТЭ ҲНИ ин аст, ки бояд ҳамагон аз сирати зишту нопоки саркардагони раҳбарияту ҳаммаслакини ин ташкилоти  фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар  аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон вобаста ба қабули маҳзаби бегона ва  макру дасисаҳои навбатии душманони  миллат  огоҳ созем.

      Пеш аз ҳама бояд ёдовар шуд, ки роњбарони  наҳзатиён мазҳаби ҳанафиро фурӯхта,  баробари қабули мазҳаби шиъа номҳои роҳбарони инқилоби исломии Эрон-Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Муттаҳаррӣ, Руҳулло, Ҳусайнӣ ва ғайраро ба фарзандони худ гузоштаанд. Масалан писарони роҳбари ТТЭ ҲНИ  М.Кабирӣ – Руҳулло, Муртазо, Биҳиштӣ, Меҳдӣ, писарони муовини аввали раиси собиқ ҲНИ Саидумар Ҳусайнӣ – Саидмеҳдӣ, Саидҷавод, Биҳиштӣ, писари узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсиддин Саидов – Руҳулло, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Ин хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаб намедонанд, ки чи тавр садоқат, ғуломи ҳалқабаргӯш буданашонро ба хоҷагони хориҷиашон нишон диҳанд, бо кадом шеваи ҷилваю рақс, мисли раққосони дарбори амирони манғитӣ ба онҳо хизмат кунанд ва мақбул шаванд. Ба пиндори онҳо ин номҳои “ифтихорӣ” гӯё ақлу дониш ва фаросати онҳоро афзун месозад. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки  имрӯзҳо раҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш барои расидан ба ҳадафи нопоки худ тариќи шабакањои иљтимої мунтазам маводҳои характери зиддидавлатї доштаро пањн намуда истодаанд. Аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо манфиатдор ҳастанд. Агар ба мазмуну мӯҳтавои суханрониҳои матбуотию расонавии роҳбари ТТЭ ҲНИ  М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  аз назари таҳқиқ нигарем, аз оғоз ва решаю бунёдаш коштани тухми иғвою тӯҳмат, дурӯғу бӯҳтон, салтанатхоҳӣ ва гумроҳ кардани мардум мебошад. Бадхоњони миллат  гумон доранд, ки ин талќини тасаввуроти нодуруст аќидаи  сокинони кишварро дигар кунанд. Лекин ҳама талоши раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Чунки њақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Хулоса баромадҳои раҳбарияти ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравашро чун солҳои қаблӣ, имрӯз низ   якдилона маҳкум менамоем.

Дар фарљоми андешаи хеш иброз менамоем, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд.Бинобар ин,  вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ҷ.ҶӮРАЕВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *