ҲАМЗИСТИВУ ОСОИШТАГИИ МИЛЛИРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ ЭҲТИЁТ НАМОЕМ!

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз вазъи баамаломада дар як пораи Ватани маҳбуб – Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишвар маҳсуб меёбад огоҳ буда, раванди нашри хабару иттилооти тафриқаандозиву бофтаву иғвогариҳои хоинони миллат дар ин хусусро шадидан маҳкум менамоем. Баробари ин нисбат ба қазияи дар ноҳияи Рушон бояд қайд кард, ки санҳои аз санаи 16 май то 18 майи соли равон боз гурӯҳҳои манфиатхоҳи муташаккили ҷиноятпеша барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ба вуҷуд овардани нооромию нобоварӣ кӯшиш ва талоши ғаразноки худро равона кардаанд. Аз ҷумла, санаи 16-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов ва ҳаммаслаконаш бо номи Холбаш Холбашев, Мамадшоева Улфатхоним роҳбарӣ ва сарпарастӣ намуда, барои бегуноҳ нишондодани ашхоси ҷиноятпеша Мамадбоқир гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Инчунин санаи 17 майи соли равон дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Ҳамчунин санаи 18 майи соли ҷорӣ як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Замир Назришоев ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро тарконидаанд. Баробари ин, як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ғуломҳайдаров Ёдгор, Палаев Қулмаҳмад ва Шералиев Паҳлавон дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд. Ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифодаи яроқу норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад. Дар амали навбатии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша боиси истифода гардидани амалҳои тахрибкорона ва нерӯи ҳарбӣ шуд, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт.Барои саривақт гирифтани ин амали навбатии бадхоҳони миллат аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.Хушбахтона имруз вазъият дар ноҳияи Рӯшон ором буда, ҳаракати нақлиёту фаъолияти идораю муассисаҳо бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода ба кулли сокинони Вилояти овозадори Мухтори Куҳистони Бадахшон, бахусус ҳамсолони худ – ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ба андешаву ақидаҳои зархаридон ва кӯрдилон дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо ин неруҳои аҳриманӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳон ба гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла ба Бадахшон ташриф оварда, ба фарҳангу маданият ва суннату оинҳои миллии тоҷикон ошно мегарданд. Албатта, дар чунин як шароити вазнин бояд мо ба дасисаву андешаҳои иғвогаронаи душманони миллат дода нашавем. Аз дастовардҳо ва бурду бохти кишвар ёдовар шуда, таъкид намудан лозим аст, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.
Р.АНВАРӢ,
асистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *