Санаҳои 16-20 декабри соли 2019 семинари навбатӣ дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” (UNICAC) дар мавзӯи “Ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва илм: усулҳо, методалогияҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин” дар Донишгоҳи политехникии Шимолу-Ғарби ш. Сиан ва Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Аз ДИС ДДТТ директори донишкада н.и.и. дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С.С. дар семинари мазкур иштирок доштанд. Инчунин, дар семинар иштирокчиён аз Донишоҳи Севиля (Испания) Universidad de Sevilla, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи технологияҳои информатсионии ш. Тошканд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ҳамчунин Донишгоҳи политехникии Шимолу-Ғарби ш. Сиан ва Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинг Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Аз сабаби ҳавои номатлуб дар фурудгоҳи ш. Урумчӣ иштирокчиён аз ДИС ДДТТ IET TSUC ба семинар ду рӯз дертар, танҳо санаи 18 декабр ба ш. Сиан ҳозир шуданд.
Санаи 18-уми декарбри соли 2019 семинарҳо дар мавзуъҳои гуногуни вобаста ба байналмилалигардонии таҳсилот гузаронида шуданд. Аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи UNICAC Донишгоҳи Севиля, коршиносони Низоми Болонӣ Мигел Адамэ ва Инмакулада Вивес дар мавзӯи “Стратегияҳои татбиқшаванда дар МТОК-и Аврупо” (What Strategies are Higher Education European Institutions Implementing?) гузаронида шуд. Аз гуфти коршиносон ба хулоса омадем, ки МТОК-и Аврупо барои байналмилалигардонии раванди таълим ва илм аҳамияти махсус дода истодаанд. Баъдан намоянда аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек дар мавзӯи Вазъи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад кард. Пас аз он намояндаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавзӯи “Таълим ва низоми баҳогузории таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар гузаронид.
Санаи 19-20 декарбри соли 2019 семинарҳо идома дода шуда, давоми раисии семинарҳо ба уҳдаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд гузошта шуд. Сухани ифтитоҳӣ ба директори донишкада Олимӣ Р.Л. дода шуд. Рауф Латифзода оид ба равобити байналмилалии донишкада маълумот дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро номбар намуд. Ӯ ҷиҳати аҳамиятнокии лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” (UNICAC) дараҷаи баланд дода, қайд кард, ки донишкада барои саривақт ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои дар доираи лоиҳаи мазкур пешбинишударо таъмин хоҳад кард. Дар охир Олимӣ Р.Л. омодагии ДИС ДДТТ-ро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти таълиму илм изҳор намуд.
Пас аз он декани факултаи Муҳандиси-механикӣ ҷаноб Шаоҷинг Ванг дар бораи иқтидори илмии факулта ва лоиҳаҳои тадқиқоти амалишаванда маълумот пешкаш намуд. Инчунин дар бораи барномаҳои грантии ҷумҳуриявӣ, ки имконияти маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотиро дорад, маълумот пешкаш намуд.
Пас аз он профессори кафедраи муҳандисӣ ҷаноби Фенгшин Фетион дар бораи “Маҳсулнокии академии омӯзгорон ва усулҳои таълим дар мисоли Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинг” баромад намуд.
Дар танаффус ҳамаи иштирокчиён бо Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангал (калонтарин аз ҷиҳати масоҳат дар тамоми Чин, 880га.) аз наздик шинос шуда, таҷрибаи ташкили лабораторияҳову технопаркҳо, ташхисгоҳҳо ва мини-заводҳо омӯхта шуд.
Дар давоми семинар дар мавзӯи “Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти илму тадқиқот” шуда гузашт. Аз ҷониби ман (Мухторов С.С.) дар мавзӯи “Вазъи илм дар МТОК-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва талаботҳо” маърӯза карда шуд. Ба ҳамаи шунавандагон таърихи гузариш ба Низоми Болонӣ, гузаштан ба таҳсилоти 3 зинагӣ, инчунин маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи рушди илму тадқиқот оварда шуд. Таъкид карда шуд, ки таҳсилот дар зинаи PhD ба солҳои охир ба роҳ монда шуда, барои МТОК-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса доштани таҷрибаҳои беҳтарини донишгоҳҳои Аврупо қайд карда шуд. Илова бар ин самтҳои афзалиятноки соҳаи илм гуфта шуд. Иқтидори илмии ДИС ДДТТ ва соҳаҳои асосии илм дар донишкада гуфта шуд. Маъдумотҳои иртиботии ҷонишини директор оид ба илм н.и.и. Мирпочоев Д.А. ба кулли иштирокчиён паҳн карда шуда, омодагии ДИС ДДТТ барои ҳамкорӣ доир ба лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ баён карда шуд.
Рӯзи охир мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳсилоти олӣ: нақши илм ва таълим барои дарёфти ҷойҳои намоён дар рейтингҳои байналмилалӣ” бо иштироки коршиносон Мигел Адаме, Инмакулада В., Олимӣ Р.Л. Мухторов С. ва дигарон баргузор гардид. Баъд аз итмоми мизи мудаввар хулосаи худро оид ба натиҷаҳои семинар баён намуда, масъалаи чорабинии навбатиро ба миён гузоштем, ки баргузор намудани он дар ДИС ДДТТ ш. Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз дида баромадани нақшаҳои татбиқи лоиҳа, маросими супоридани сертификатҳо шуда гузашт.