Донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар фестивал-озмуни шаҳрии солинавӣ иштирок карданд

Санаи 22-уми декабр дар майдони марказии шаҳри Хуҷанд воқеъ дар назди ҳайкали Камоли Хуҷандӣ чорабинии солинавии донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ баргузор гардид.

Чорабинии солинавиро барандагон ифтитоҳ намуда, кулли тамошобинонро ба соли нави мелодӣ муборакбод гуфтанд. Тибқи барномаи чорабинӣ байтбаракхонӣ дар иҷрои донишҷӯён, сурудани суруди якка, бадеҳахонӣ, рақси якка бо садои доира, чашмбандӣ ва бозиҳои ҷолиби солинавӣ, намоиши дастаи ҳозирҷавобони донишкада, тақлид ба суруди ҳофизон ва сюитаи солинавӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар иҷрои ансамбли “Парвона”-и донишкада рақсу сурудҳои дилнишину хотирмон иҷро карда шуд.

Бобои барфӣ ва барфак бо паёму таманниёти беҳтарин ҳозиринро ба ҷашни Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфтанд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди адабию саҳнавӣ доир гардида, бо як ҷаҳон таассуроти хотирмон анҷом пазируфт.

Мадинахон БУЗУРУКОВА

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *