Семинарҳо дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” дар ш. Сиан

Семинарҳо дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” семинари навбатӣ дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” (UNICAC) оид ба “Ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва тадқиқот: усулҳо, методалогияҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин” дар Донишгоҳи политехникии Шимолу-Ғарби ш. Сиан ва Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинги Ҷумҳурии Мардумии Чин аз санаи 16 то 20 декабри соли 2019 баргузор гардид. Аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ директори Донишкада н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С.С. дар семинари мазкур иштирок намуданд. Инчунин, дар семинар аз Донишоҳи Севиля (Испания), Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи технологияҳои информатсионии ш. Тошканд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи политехникии Шимолу-Ғарби ш. Сиан ва Донишгоҳи Шимолу-Ғарбии аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинг Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзиданд. Аз сабаби ҳавои номатлуб дар фурудгоҳи ш. Урумчӣ иштирокчиён аз ДИС ДДТТ ба семинар ду рӯз дер карданд ва танҳо санаи 18 декабр ба ш. Сиан ҳозир шуданд.

Санаи 18-уми декабри соли 2019 семинарҳо дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида шуд. Аз тарафи ҳамоҳангсозони лоиҳаи UNICAC Донишгоҳи Севиля, коршиносони низоми Болонӣ Мигел Адамэ ва Инмакулада Вивес дар мавзӯи “Стратегияҳои татбиқшаванда дар МТОК (Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ)-и Аврупо” (What Strategies are Higher Education European Institutions Implementing?) гузаронида шуд. Аз гуфти коршиносон ба хулоса омадем, ки МТОК-и Аврупо барои байналмилалигардонии раванди таълим ва тадқиқот аҳамияти махсус дода истодааст. Баъдан намоянда аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек дар мавзӯи “Вазъи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” баромад кард. Пас аз он намояндаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавзӯи “Таълим ва низоми баҳогузории таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромат кард.
Аз 19 то 20 декабри соли 2019 семинарҳо идома шуда, давоми онро ба уҳдаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд гузошта шуд. Сухани ифтитоҳӣ ба директори Донишкада Олимӣ Р.Л. дода шуд. Рауф Латифзода оид ба робитаи байналмилалии Донишкада маълумот дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро номбар намуд. Ӯ ҷиҳати аҳамиятнокии лоиҳаи “Ҳамкории донишгоҳҳо барои интиқоли дониш дар Осиёи Миёна ва Чин” –ро (UNICAC) дараҷаи баланд дода, қайд кард, ки Донишкада барои саривақт ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои пешбинишударо дар доираи лоиҳаи мазкур таъмин хоҳад кард. Дар охир Олимӣ Р.Л. омодагии ДИС ДДТТ-ро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти таълиму илм изҳор намуд.

Пас аз он декани факултаи Муҳандиси-механикӣ ҷаноб Шаоҷинг Ванг дар бораи Иқтидори илмии факулта ва лоиҳаҳои амалишаванда ва дар бораи барномаҳои грантии Ҷумҳуриявӣ, ки имконияти маблағгузории лоиҳаҳои илмии тадқиқотиро дорад, ҳамам маълумотҳоро пешкаш намуд.
Баъдан профессори кафедраи муҳандисӣ ҷаноби Фенгшин Фетион дар бораи “Маҳсулнокии академии омӯзгорон ва усулҳои таълим дар мисоли Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангали ш. Янлинг” баромад кард. Дар танаффус ҳамаи иштирокчиён бо Донишгоҳи Шимолу-Ғарби аграрӣ ва ҷангал (калонтарин аз ҷиҳати масоҳат дар тамоми Чин, 880га.) аз наздик шинос шуда, таҷрибаи ташкили лабораторияҳову технопаркҳо, ташхисгоҳҳо ва мини-заводҳоро омӯхтанд. Дар давоми семинар оид ба мавзӯъи “Ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти илму тадқиқот” шуда гузашт. Аз тарафи ДИС ДДТТ ҳамоҳангсози лоиҳа Мухторов С.С. оид ба мавзӯи “Вазъи илм дар МТОК-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва талаботҳо” баромад кард. Ба ҳамаи иштирокчиёни ин семинар таърихи гузариши низоми Болонӣ, гузаштан ба таҳсилоти 3 зинагӣ, инчунин маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи рушди илму тадқиқот фаҳмонида шуд. Таҳсилот дар зинаи PhD ба солҳои охир ба роҳ монда шуда, аҳамияти хосаи таҷрибаҳои беҳтарини Донишгоҳҳои Аврупо барои МТОК-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд. Инчунин самтҳои афзалиятноки иқтидор ва соҳаҳои асосии илми ДИС ДДТТ гуфта шуд. Маълумотҳои иртиботии ҷонишини директор оид ба илм н.и.и., Мирпочоев Д.А. ба кулли иштирокчиён омодагии ДИС ДДТТ барои ҳамкорӣ доир ба лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ баён карда шуд.
Рӯзи охири мизи мудаввар оид ба “Таҳсилоти олӣ: нақши илм ва таълим барои дарёфти ҷойҳои намоён дар рейтингҳои байналмилалӣ” бо иштироки коршиносон Мигел Адаме, Инмакулада В., Олимӣ Р.Л. Мухторов С. ва дигарон баргузор гардид. Баъд аз итмоми мизи мудаввар ДИС ДДТТ хулосаи худро оид ба натиҷаҳои семинар баён намуда, масъалаи баргузор намудани чорабинии навбатиро дар ДИС ДДТТ ш. Хуҷанд ба нақша гирифт. Баъд аз дида баромадани нақшаҳои татбиқи лоиҳа, маросими супоридани сертификатҳо шуда гузашт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *