
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар зимни изҳороту мақолаи хеш нисбат ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту пайравони паймони худсохти наҳзат -“Паймони миллии…” шадидан маҳкум менамоем. Ин навбат низ нисбат ба суханҳои иғвоангезонаи яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки моҳҳои охир, аз ҷумла, санаи 12 декабри соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ нет.”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”, таҳти унвони “Назари шумо дар мавриди инқилоб чист?” бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла, афроде бо номи Ҷамшед ва дигаре Раҳматулло баромадҳои беасоси ифротӣ намуд. Ин навбат дар атрофи шахсияти собиқ вазири маориф ва илм – Нурриддин Саид ва фаъолияти Кумитаи амнияти кишвар боз сухани бемантиқу ғайбати ифротиашро пеша намуд, ки он умуман асоси воқеӣ надорад. Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки барои барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунанд, ки ин гуруҳи иғовешагон ба ғайр аз иғво ва фитна андохтан корӣ дигар надоранд. Хулоса, паймони худсохтаи наҳзат аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.
Имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад ба ин тамоюлҳо ба мо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳогузории худро доранд.

Мо ҷавонони ҷомеаи мутамаддини имрӯза бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм муборизаи беамон барем. Хулоса, ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Набояд фаромуш кард, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст.