Амалҳои хиёнаткорони миллат фаромӯш нахоҳанд шуд!

Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Дар партави идеяҳои Ваҳдати миллӣ, тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Ҳар як порчаи Ватан ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо бахту саодати хешро чашида истодаанд.

Ахиран Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии хеш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бори дигар ба ҳаводиси таърих, ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги нангини шаҳрвандӣ рӯ оварда, омилҳо ва сабабгорони асосии бадбахтии миллатро бо мисолҳо мушаххас ошкоро нишон доданд:

“Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд”.

Мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тӯлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан  тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз  харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кӯшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Ҳукумат бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намояд.

Ф. Ҳодибоев,

А. Шокаримов,

И. Ҳалимов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *