АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Нисбат ба амалҳои иғвогаронаю дасисабозиҳои ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ, ибрози андеша намуда қайд менамоем, ки ин хоинони миллат, аз ҷумла, раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ оқибат баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ, фирорӣ шуда, алҳол дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтааст. Ба фаъолияти кунунии аъзоёни ТТЭ ҲНИ агар назар афканем, мушоҳида мешавад, ки то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Имрӯз бештари наҳзатиҳо баробари роҳбараш дур аз ватан, барои амалӣ намудани супоришҳои ғаразноки хоҷагонаш тавассути сомонаҳои интернетӣ, асосан дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймонӣ миллӣ”, ”Ҳақ ва ботил” ва “Минбари муҳоҷир” баромад намуда, дастовардҳои кишвари моро нодид мегиранд ва кӯшиш доранд, Тоҷикистони соҳибистиқлолро бадном кунанд, зеро ба ҷуз иғвогарию хиёнаткорӣ кори дигар надоранд!
Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ мардуми мо назари худро доранд. Имрӯз ҳар кадоме аз шаҳрвандони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро шадидан маҳкум менамоянд.
Имрӯз, ки мамлакат бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бахусус таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест!

РАҲМОНОВ Ф.Х.,
асистенти кафедраи
назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *