Амалҳои бадхоҳонаи ТТЭ ҲНИ –ол маҳкум менамоем!

Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кўшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гурўҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи сайёра роҳандозӣ мекунанд.

Шаклҳои зуҳури терроризм хеле гуногун мебошанд. Бинобар ин мутахассисон онро хар гуна тақсимбанди мекунанд, терроризми байналмилалӣ, давлатӣ, гурӯҳҳои мухолифи давлатӣ ва дохили давлатӣ. Аз рӯи хислати иҷтимои бошад, терроризми иҷтимои, динӣ ва этникӣ мебошад. Бо вуҷуди ин як таърифи мукаммали терроризм не, балки даҳҳо таъриф вуҷуд дорад. Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафкани ба хотири ба даст овардани максадҳои сиёсӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия, яъне кишвари муҳочирати меҳнати кори бо роҳи найранг шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинои мегарданд. Терроризм, террористҳо ва гурӯҳу ҳаракатҳои мамнӯъи ифроти ва танҳо мояи ташвишу нигарониҳо дар Тоҷикистон шудааст, балки онҳо барои тамоми кишварҳои ҷаҳон хатарзо мебошанд. Бештари ҷавоне, ки дар шабакаҳои иҷтимои шомили гурӯҳҳои мазҳаби ҳастанд ё дар мавзӯҳои динию мазҳаби баҳсҳои тунду гоҳе холи аз мантиқ доир мекунанд. Ҷавоне, ки зоҳиран мазҳаби, аммо бо диниши мукаммали дини номусаллаҳ мавриди ҳадафи чиддагарон ё афроти мағзшуи ифротгаро қарор мегиранд. Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо аҳли ҷомеа аз он изҳори нигарони кард, ки баъзе гурӯҳҳо аз низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сӯистифода менамоянд.

Дар давоми соли ҷори мо шоҳиди он гардидем, ки дар Ватани маҳбубамон якчанд дастовардҳои беназир ҷомаи амал пӯшид.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба Истиқлолияти энергетики буд, дар ин замина 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуд.

Ба истифода додани ин Нерӯгоҳ «Кохи Нур» барои тамоми миллати сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон, як меваи асосии замони Истиклолият ба ҳисоб меравад.

Хамчунин дар ояндаи наздик Тоҷикистони азиз бо амали гардидани ҳадафҳои дар пеш истода яке аз давлатҳои пешқадам дар арсаи байналмиллалӣ мегардад.

Аммо ҳамаи ин пешравию комёбиҳои беназири Ватани азизамонро, тӯдае аз фаъолони фирории ташкилоти террористии ҲНИ, ки аз азал нияту маромҳои нопок доштанд, нодида мегиранд.
Фаъолони ТЭТ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимои санаи 10 декабри соли ҷори бо ҳаракатҳои бесаводона ва хиёнаткоронаи худ бори дигар нишон доданд, ки онҳо ба ҷуз аз тӯҳмату бӯхтон дигар ҳеҷ коре надоранд. Танҳо бо ин роҳ ба хоҷагони худ натиҷаи фаъолияти як солаи худро «ҳисобот» доданд.

Мо шаҳрвандони ҶТ ин амалҳои ноҷавонмардонаи фаъолони ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда намегузорем, ки онҳо дар Ватани маҳбубамон заррае ҳам бошад зарари худро расонанд.

 

Омӯзгори кафедраи молшиносӣ: Холиқов Даврон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *