Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад.
Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд..
Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид.
Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёсӣ, якдилию якпорчагӣ, сарвари давлат чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд. Аз гуноҳи хиёнаткорон гузашт карданд ва то ҳатто солҳои 90-ум 30% ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд.
Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарони ҲНИ ба намакдон туф карданд. То ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд.
Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ дасисаи бадандешон фирифта нахоҳад шуд.
М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гӯё “ҳақиқат”-и ҳаётро ба онҳо фаҳмонданӣ ҳастанд. Вале ҷаҳониён низ кӣ будани онҳоро фаҳмиданд ва делели ин гуфтаҳо баргузории Самити машваратии ҳамкорӣ ва тадбирҳоибоварӣ дар Осиё, ки санаи 15-июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мебошад. Зеро дар кори он наздик роҳбарону намояндагони 30 давлати ҷаҳон иштирок карданд ва дар суханрониҳои онҳо аз рисолати созандагию бунёдкориҳо ба Пешвои миллат ва халқи меҳмоннавозу сулҳпарвари тоҷик арзи сипос ва қардшиносӣ карданд. Бори чорум аст, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба маъалаҳои об аз ҷониби СММ дастгирӣ меёбад.
Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.