АМАЛҲОИ ҲАММАСЛАКУ ДУМРАВОНИ ТТЭ ҲНИ АЁН АСТ!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки бештари аъзоёни гуруҳҳои ифрортӣ ба таври пинҳонӣ ё тариқи ошкоро таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо, facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники), Instagram ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳориҷони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти динию дуняви дошта ба гурӯҳои ифротӣ мебаранд. Бояд қайд кард, ки шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза – воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ аст.Чунки имконияту афзалияти шабакаҳои интернетӣ васеъ мебошад, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз ин ҳолат суистифода намуда, дар хақи муҳоҷирону миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоламон иғвоангезӣ менамоянд. Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Бояд қайд кард, ки асосан роҳбару ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар ҳотелҳои орому роҳати Аврупо нишаста, оқибати ин амалро фикр намекунанд. Бо ин гуфтаҳояш мақомоти амниятии кишвари муҳоҷирпазирро нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳассос мекунад ва ин хиёнати навбатии ТТЭ ҲНИ аст.
Мутаассифона, баробари ин ҳолат имрӯзҳо пайравони хоинони миллат дар қаламрави Федератсияи Русия ҷиноятҳо содир намуданашон ба назар мерасад. Масалан дар моҳи майи соли равон 5 нафар гумроҳшудагони дар мӯҳочирати меҳнатӣ қарордошта, бо мақсади иҷрои супориши роҳбару ҳоҷагонашон, ба бинои ситоди мақомоти қудратӣ ҳуҷум намуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Русия дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки ин гурӯхи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, (лақабаш Абу Усама Норакӣ) амали номатлубро содир намудаанд. Оқибат ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Инчунин 3 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки нисбати соҳибкорон амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва, ФР ин афрод аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Хулоса, бояд донист, ки ин гумроҳшудагон пайравони ТТЭ ХНИ мебошанд, ки аз назари ақида, ҳадафҳо аз ДИИШ фарқе надорад.
Бо назардошти ин маълумотҳои зикршуда хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки амалҳои бадахлоқонаи ҳаммаслаку думрвони ТТЭ ҲНИ, ки тариқи ВАО пахш мегарданд, аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Корашон доим кофтукоби айби касон ва ғайбату тӯҳмат аст. Хулоса амалҳои ҳаммаслаку думрвони ТТЭ ҲНИ аён аст!
Дар фарҷоми андешаи хеш метавон қайд кард, ки имрӯз ва дар оянда низ терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз техналогияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Умуман ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Р. МАНОНОВА
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *