Иброгимов Исроил Икромович

Иброгимов Исроил Икромович, 6 феврали соли 1963 зодаи деҳаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 ба мактаби миёнаи № 33-и ноҳияи Б.Ғафуров ба синфи 1-ум рафта, соли 1979 хатм намудааст. Аз соли 1979 то соли 1984 донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (собиқ Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (ДДПЛ) мебошад. Фаъолияти кориро аз соли 1984 ҳамчун лаборанти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров оғоз намуд. Аз моҳи ноябри соли 1984 то июни соли 1986 дар сафи қӯшунҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар ш. Пенза хизмат намудааст. Солҳои 1986-1987 коромӯз-тадқиқотчии Донишкадаи физикию техникии ба номи А.Ф.Иоффеи ш. Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) мебошад. Аз соли 1987 то соли 1989 дар кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба вазифаи ходими хурди илмиро иҷро намудааст.
Аз моҳи декабри соли 1989 то соли 1992 дар Донишкадаи физикию техникии ба номи А.Ф.Иоффеи ш. Ленинград таҳсил намуда, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурдааст. Декабри соли 1988 то соли 2003 дар кафедраи методикаи таълими математика ва техникаи ҳисоббарори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вазифаи муаллими калон ва дотсентиро иҷро кард. Моҳи майи соли 1994 дар Шӯрои дифоии Д212.243.02-и Институти пайвастагиҳои калонмолекулавии ш.Санкт-Петербург рисолаи номзадиашро бо номи «Зуҳуроти омори лаппишҳои атомӣ дар вайроншавии полимерҳо» ҳимоя кардааст.
Аз соли 1996 то соли 1998 дар вазифаи омӯзгори калони Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва аз соли 1999 то соли 2002 дар Коллеҷи аграрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ба вазифаҳои омӯзгори калон ва дотсент фаъолият намудааст.
Аз соли 2002 Исроил Ибрагимов дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори штатӣ ба вазифаҳои омӯзгори калон ва баъд дотсент фаъолият мебарад.
Таҷрибаи зиёда аз 25 солаи педагогӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ дорад. Аз фанҳои информатика, технологияҳои информатсионӣ, информатика аз ихтисос, консепсияҳои табиатшиносии муосир, системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва ғайра дарс мегӯяд. Муаллифи зиёда аз 90 осори илмӣ, 20 китобу дастурҳои таълимӣ-методӣ, аз ҷумла, 30 корҳои илмӣ-методӣ ва зиёда аз 40 корҳои илмӣ, инчунин зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар рӯзномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишкадавӣ мебошад. Саҳми Иброҳимов И.И дар пешбурди корҳои таълимӣ-методии донишкада назаррас аст. Аз фанҳои «Информатика», «Базаи маълумот», «Консепсияҳои табиатшиносии муосир», «Технологияҳои информатсионӣ», «Назарияи системаҳои иттилоотии иқтисодӣ» ва ғайра дарс мегӯяд. Ҳамчун эксперти ғайриштатии тахассусии Комиссияи аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни информатика ва технологияҳои информатсионӣ дар мактабҳои олӣ ва касбӣ аз соли 2001 фаъолият дорад. Устод Иброгимов И.И. аз ҷиҳати сиёсӣ маълумотнок, хоксор, ташаббускор, ахлоқан устувор аст. Дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *