Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат

Санаи 27 январ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҷамъбасти солонаи фаъолияти Шӯрои ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар соли 2021 гузаронида шуд, ки дар он кулли собиқадорони Донишкада иштирок намудаанд. Дар ҷаласа Раиси Шӯро собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Хуҷанд Ғозиев Аҳмадҷон ва ҷонишини директори Донишкада оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра иштирок намуданд.

Дар ҷаласа оид ба фаъолияти собиқадорони Донишкада дар соли 2021 Раиси Шӯро н.и.и., дотсент А.Маҷидов маърӯза намуданд. Дар музокира собиқадорон д.и.и., профессор А.Азимов, д.и.ф., профессор Р.Солиҷонов, н.и.и., дотсент ҷонишини раиси Шӯро О.Қоситов, профессор Г.Комарова, профессор И.Усмонов бо пешниҳодҳои судманд баромад намуданд.

Бо сухани ҷамъбасти Раиси собиқадорони меҳнат ва ҷанги шаҳри Хуҷанд Ғозиев Аҳмадҷон ва ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон Аҳророва Гулчеҳра баромад намуда, ба фаъолияти собиқадорони Донишкада баҳои баланд доданд.

IMG_3650
IMG_3656
IMG_3661
IMG_3664
IMG_3667
IMG_3670
IMG_3674
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *