АЛАМИ СИЁСӢ Ё ТАРС АЗ БАРҲАМХӮРИИ ҲИЗБ

 

Натиҷаи интихоботи кишварамон ҷамъбаст гардид. Аз маълумоти расмӣ дидан мумкин аст, ки ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҷои охирин бо 13 ҳазору 735 овоз ҳамагӣ 0,32 фоизро ташкил додааст.  Барои чӣ?

Мутаасифона, ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсисёбии худ (соли 1998) фаъолияти сиёсии худро дар оинаи дили мардуми кишвар инъикоси ошкоро нанамуд.

Мардуми кишвар, то ҳол аз мавҷудият ё мавҷуд набудуни барномаи фаъолияти ин ҳизб хабар надорад. Айни ҳол, мардуми кишвар ба кадом соҳаи фаъолияти аз ҷабҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҳизб такя намуда, ҷониби ин масир равон гаштанашро намедонад.

Иқроршавии раиси ҳизби номбурда Раҳматулло Зоиров дар видеосӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ки “мо дар айёми фаъолияти худ муроҷиатномаи сиёсӣ конфренсияи матбуотии ниҳоят камро пешниҳод кардаем…” нишонаи аниқи камфаъолиятии ҳизб аст.

Ин далели он аст, ки ҳизб ва билохир аъзоёни он дар дилу дидаи мардуми кишвар ҷой нагирифтаанд ва аз ин лиҳоз хулосаи ҷамъбастии оқилона он аст, ки бе ҳеҷ як шакку шубҳа овоздиҳии назаррасро аз ҷониби халқ сазовор нагаштаанд.

Аламу ҳасади сиёсии раиси ҳизби номбурда аз гуфтаҳои зайли ӯ маълум мегардад:

  1. “Он вазъияте, ки мо солҳои 2006 ва ё 2013 мушоҳида намуда будем, ки ҳама як номзадро ба президентӣ дастгирӣ намудем, дигар рӯй нахоҳад дод”.
  2. 3 марти соли 2019. “Дар интихоби президенти мамлакат дар соли 2020 ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон номзадҳои ҳақиқии пешвои кишвар бояд пайдо шаванд”. Пешвоӣ ин на танҳо як ном, балки инсони асили дилу дидаи халқ будан аст, ки ин хислату рафторро дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳидии халқ инъикос кардааст. Ба ин ҳавас бурда амал кардан ҷоиз аст, на ин ки ҳасад бурдан аст.

Аз натиҷаи интихобот дидан мумкин аст, ки ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 705 ҳазору 252 овоз (16,61 фоиз), ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 700 ҳазору 582 овоз (16,5 фоиз) ҷойҳои 2 ва 3-ро ишғол намудаанд. Маълум мешавад, ки роҳбарони ин ҳизбҳо нисбат ба дигарон бештар меҳнат карда, ташвиқоти солим бурдаанд. Ба ҷои ҳасадбарӣ доир ба беҳтар намудани барномаи ҳизб, бурдани ташвиқоти солим, фаъолона иштирок намудан дар барномаҳои давлатӣ баҳри ободонии кишвар, ба мардум фаҳмонидани афзалияти барномаи худ ва ғайра кор бурдан лозим аст.

Илова бар ин, ба хулоса омадан мумкин аст, ки пешниҳоди ариза ба мақомот дар давоми даҳ рӯз барои баргузории гирдиҳамоӣ дар панҷ минтақаи кишвар ин изҳори тарс аз барҳамхӯрии ҳизб аст.

Номи ин ҳизб хеле зебо аст. Сотсиал-демократ бояд ба адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият мубориза барад, роҳҳои дурусти ноил гаштан ба ин адолатро нишон диҳад. Ин амалҳо бо роҳи демократӣ бояд иҷро шавад, яъне ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар, амал намудан дар чорчӯбаи қонуни кишвар, роҳ надодан ба бетартибӣ, анархия ва ғайра. Мақсади ба пеш гузоштаи ин ҳизб роҳи дуруст набуда, ҷамъиятро ба бесару сомонӣ ва анархия дучор мекунад. Ин ба принсипҳои сотсиал-демократӣ мухолиф буда, назарияи мухолифин қобили қабули мардуми кишвар нест. Зеро, ки дарси онро мо аз таърих борҳо дида, мазаи онро чашидаем.

 

Абдуллоев Ғ., Ахмедов М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *