Аксарияти хатмкунандагони ДИС ДДТТ бо ҷойи кор таъмин гаштанд!

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳайати васеи рӯзноманигорон ва Раёсати муассиса нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 12 нафар рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд ширкат варзиданд.
«Бояд қайд намуд, ки кулли донишҷўёни Донишкада аз рўи шакли таълими шарномавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз онҳо баъд аз хатми Донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷои корӣ таъмин мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки аввалин гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шуда буданд. Соли 2014 ин гуна гурўҳро-18 нафар, соли 2015-40 нафар, соли 2016-48 нафар хатм намуданд ва ҳамаи онҳо дар ташкилотҳои байналхалқии дар ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ фаъолияткунанда бо ҷои корӣ таъмин гаштанд» -дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ иттилоъ дод.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ташкили таҳсили гурўҳҳо бо забони англисӣ дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтааст. Ҳоло дар донишкада 13 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, риёзӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра) бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Донишкада бо омўзгорони ихтисосманд (иқтисоддонҳо, ҳуқуқшиносон, риёзидонҳо ва ҷомеашиносон), ки фанҳои худро бо забони англисӣ дарс мегўянд, пурра таъмин мебошад. Аз хориҷи дур  (ИМА, Аврупо) низ мунтазам олимону профессорон ба донишҷўён дарс мегўянд. Дар доираи барномаҳои Эрасмус Мундус ва Темпус алоқаҳои байналмилалии таълимгоҳ беҳтар шуд, 4 нафар устодон ва 6 нафар донишҷўён дар донишгоҳҳои ИМА ва Аврупо такмили ихтисос ва таҳсил намуда истодаанд.
Тибқи нишондоди оморӣ ва корбарӣ аз тарафи мутахассис оид ба карйераи Донишкада нишон медиҳад, ки аз 634 нафар хатмкардагони шўъбаи рўзона  512 нафарашон, яъне 80,7% аз рўи ихтисос, соҳиби кор ва ё аз рўи патент дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда истодаанд. Чунончи, аз ҷумлаи 312 нафар хатмкардагони соли 2015-и шўъбаи рўзона, 261 нафарашон бо ҷои корӣ таъмин гаштанд, ки 83,65%-и хатмкардагонро ташкил медиҳад
Хатмкунандагони шўъбаи ғоибона бошад, аксар худ бо ҷои корӣ таъмин мебошанд ва танҳо барои баландбардории тахассус ва малакаи касбӣ дар Донишкада таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, кионҳо қариб пурра бо ҷои кор таъмин мебошанд.
Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии донишкада ҷавобгўи талаботи муосир мебошад. Дар донишкада зиёда аз 550 компютерҳои фардӣ, 20 доскаҳои электронӣ, 60 проекторҳо, 60 камераҳои назоратӣ ва ғайра корбаст карда шудаанд. Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва бинои Донишкада бо гармӣ ба тариқи мутамарказ бо воситаи ангишт таъмин карда шудаанд.
Рӯзноманигорон Мелибоев О. аз рӯзномаи “Замон”-оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва интиқоли донишҷӯён аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар, Қамари Аҳрор аз радиои байналмилалӣ – оиди бо кор таъминшавии хатмкунандагони донишкада, Абдусабури Абдуваҳҳо аз рӯзномаи “Шафақ” – оид ба фаъолият ва пешрафти пояи моддию техникии таълимгоҳ, Мардонов М. аз рӯзномаи “Маорифи Суғд” – оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ дар муассиса, Рустамова М. аз рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”-оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада, Моҳира Раҳимзода аз рӯзномаи “Сухани халқ” – оид ба ташкили раванди таълим ва муаррифии директори таълимгоҳ ва инчунин, Самад Юсуфӣ  аксбардор аз АМИТ “Ховар” перомуни риояи меъёри забони давлатӣ дар донишкада суолҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххаси директор ва ҳайати Раёсати таълимгоҳро шунавиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *