Бахшида ба Рӯзи илми Русия санаҳои 26-27-уми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Русия таҳти унвони «Стратегияи рушди соҳибкорӣ дар шароити муосир» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар Ҷаласаи ифтитоҳӣ ва чор бахш сурат гирифта, мувофиқи барномаи он муҳокимаи 131 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид.
Дар конфронс намояндаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, муовини директори ДИС ДДТТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисод, профессор Инъомҷон Аминов иштирок науда, бо маърӯзаи илмии хеш таҳти унвони «Развитие аграрного предпринимательства-основа обеспечения продовольственной безопасности Республики Таджикистан» баромад кард.
Дар бахши аввали конфронс, ки рӯзҳои 26-27 январ баргузор гардид, аз ДИС ДДТТ маърӯзаҳои илмии д.и.и., профессор Аминов И. А. «Развитие аграрного предпринимательства-основа обеспечения продовольственной безопасности Республики Таджикистан», д.и.и., профессор Ризоқулов Т. Р. «К вопросу исследования особенностей развития предпринимательства в Республике Таджикистан» ва ассистенти донишкада Муминова Н. Р. «Анализ структуры занятости по формам собственности в Республике Таджикистан» шунида шуданд.
Дар бахши сеюми конфронс, ки рӯзи 26-уми январ баргузор шуд, ассистенти донишкада Абдурашидова М. А. таҳти унвони «Финансирование и его роль в поддержке малого и среднего предпринимательства» маърӯзаи илмӣ кард.
Ҳамчунин, рӯзҳои 26-ум дар бахши сеюм ва 27-ум дар бахши якуми конфронс н.и.и., дотсенти Донишгоҳи идоракунии технологӣ ва иқтисодии Санкт-Петербург Аминова Ф. И. бо маърӯзаи илмии «Современное состояние сети банковских подразделений в Республике Таджикистан» ва н.и.и., дотсенти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург (СПбГЭУ) Аминов Х. И. бо маърӯзаи илмии «О необходимости активизации предпринимательской деятельности в сфере туризма в Республике Таджикистан» оид ба ҳалли муаммоҳои рушди босуботи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.
Боиси хушнудист, ки байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид. Дар асоси шартномаи мазкур, ки аз 7 модда иборат аст, минбаъд ивази донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантон, докторантҳо, профессорҳо ва ҳайати омӯзгорон ҷиҳати такмили ихтисос ва таҷриба андӯхтан аз усули таълими ҳамдигар байни ин ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, сурат мегирад.
Конфронс дар фазои пурмӯҳтавои илмӣ баргузор гардида, бо натиҷа ва дастовардҳои назарраси илмӣ анҷом пазируфт.