Паёми Пешвои миллат – раҳнамои аҳли ҷомеа

Дар ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу эзоҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷўёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.

Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директории маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова иштирок ва суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро перомуни Паёми Пешвои миллат ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баён доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25-соли истиқлолияти давлатӣ, аз он ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ сухан карда, таъкид намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ  дода шудааст. Ҳамчунин мавсуф оид ба масъалаи терроризму экстремизм андешаронӣ карда, зикр намуд, ки айни замон дар давлатҳои  Сурия ва Ироқ беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва наздик нисфи ин афрод ҳалок гардидаанд. Мо бояд ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва суботу оромии кишвар талош варзида, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ намоем.
Вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дастоварду комёбиҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, нақши парлумони касбиро дар таҳия ва қабули қонунҳо мусбат арзёбӣ кард.
Ҳамчунин дар ин мулоқот директории маркази зоология ва паразитологияи АИ ҶТ Файзалӣ Ҳакимов
ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон Гуландом Абилова низ суханронӣ карда, перомуни нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Сипас устодону донишҷўёни донишкада ба меҳмонон саволҳои хешро пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *