
Мо кормандони шуъба, зимни изҳоротҳо ва мақолаҳои хеш борҳо нисбати бадхоҳи миллат Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳои худро иброз намуда будем. Ин навбат оид ба баромади навбатии Муҳаммадиқбол, ки санаи 24 сентябри соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуд, андешаҳоямонро иброз менамоем. Бояд қайд кард, ки ин навбат М.Садриддин вобаста ба ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд, сухан кард. Бояд қайд кард, ки бадхоҳи миллат худро “сиёсатмадор” ҳисобида, зимни суханҳои бемантиқаш нисбат ба баромадҳои Перезиденти ҷумҳуриҳои Узбекистону Кирғизистон, Туркманистону Қазоқистон ва асосан дар атрофи баромади Президенти кишварамон андешаи носолимашро баён намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки санаҳои 19- 22 сентябри соли равон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаласаи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти унвони “Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ” баргузор гардид. Санаи 20 сентябри соли равон Перезиденти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баробари Президентҳои болозикр дар ҷаласаи мазкур баромад намуданд. Сарвари кишвар зимни суханрониашон оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, пойдории сулҳ дар кишвари ҳамсоя- Афғонистон, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид намудан ва ҳамзамон бо ин, оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим андешаҳои хешро баён доштанд. Баробари ин, оид ба масоили обшавии босуръати пиряхҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас, ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамаи кишварҳои узвро барои ҳамкорӣ даъват намуданд. Воқеан, ташаббусҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028” ва соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Вале, нотавонбини миллат-М.Садриддин, ин навбат худро “олим” дар самти масоили пиряхҳо шуморида, андешаҳои бемантиқашро баён сохт, ки он ягон асоси илмӣ надорад.

Барои равшанӣ додани бархе масъалаҳо, бо дарназардошти баромадҳои Сарвари давлат ва аз маълумотҳои амиқи муҳаққиқон дар самти масоили обу пиряхҳо, ба маълумоти бадхоҳони миллат мерасонем. Воқеан, пиряхҳо яке аз манбаи захираи асосии оби соф мебошад, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Дар кишвари мо 14509 адад пиряхи хурду бузург арзи ҳастӣ доранд, ки масоҳаташон ба 11146 км2 баробар аст. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Пиряхи Федченко-ро мисол меорем, ки имруз Ванҷях ном дорад, яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳанд. Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд. Пиряхи мазкур ба намуди пиряхҳои мураккаби нишемангоҳи куҳӣ шомил гардида, пиряхи мураккаби нишемангоҳии куҳии бузургтарин дар ҷаҳон дониста мешавад. Барбари ин бояд қайд кард, ки муҳаққиқон зимни омӯзиши таҳаввули пиряхи Ванҷях ба хулосае омаданд, ки то соли 2050 163,3 км квадратӣ ва ё 44,5 % коҳиш меёбад ва дар якҷоягӣ ба 381 км квадратиро ташкил медиҳад. Ин вазъият ба реҷаи гидрологии дарёи Вахш беасар намемонад ва аз ин хотир ба кори муътадили силсилаи НБО, обкашҳои барқӣ, каналҳои худшораи об ва кори муътадили обёрӣ таъсири манфӣ расонида метавонад. Бояд қайд кард, ки дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд, ки аҳамияти он бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Воқеан, пиряхҳо яке аз захираи асосии оби соф мебошад, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Қайд кардан бамаврид аст, ки солҳои шастуми асри гузашта ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар як сол беш аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил медод. Имрӯз ин рақам беш аз 4 маротиба кам шуда, дар як сол каме бештар аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктика боиси болоравии сатҳи баҳри ҷаҳонӣ шудааст. Ин, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин, бахусус дар ҷазираҳои хурд ва манотиқи соҳилӣ таҳдид кунад. Тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.
Хулоса, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.
Мо, кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш, қайд менамоем, ки мардуми кишвар аллакай аз ҳилаю найранги Муҳаммадиқболи Садриддин хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ў эътибори ҷиддие намедиҳанд. Умуман ҳадафҳои хиёнаткоронаи раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ – хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Хулоса, сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ватанамонро боз ҳам зеботар хоҳем намуд. Тоҷикистон, ба пеш!