ИЗOҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ роҷеъ ба баромади навбатии хоини миллат – М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 11. 10. 2023сол.)

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол, зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба баромадҳои қаблии хоинони миллат хулосабарорӣ карда, онро шадидан маҳкум карда будем. Бояд қайд кард, ки  бархе аз нотавонбинону хиёнаткор, аз ҷумла узви фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин, ки зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карда, имрўзҳо бо истифода аз имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҳамкории бевоситаи М.Кабирӣ бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят дорад. Пас аз манъи фаъолияти пасипардагиву иғвогароёна ва фитнаҷўёнаи ин тангназар, ки бо омезиш бо номи поки дини мубини Ислом ба роҳ монда мешуд, имрўзҳо ин хиёнаткори бешараф бо пайравони ТТЭ ҲНИ дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоиамон санги маломат мезанад. Ин хиёнатпешагон – Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравашон агар ҳафтае рӯзе нисбати Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд худро ором намегиранд. Масалан санаи 11 октябри соли равон Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” тибқи барномаҳои тарҳрезишуда бо ҳарфҳои подарҳавою бемантиқ вобаста ба масъалаи зарардидагони заминҷунбӣ дар Туркия кӯмак расонидани кишварамон андешаронӣ  намуда, баробари ин, риштаи суханаро оид ба мардуми зарардидаи Ҳироти Афғонистон андешаи носолими навбатиашро баён карда қайд кард, ки гӯё Ҳукумати кишвар ба ҳаммиллатамон кӯмаки башардӯстона нарасонидааст. Ин  баёнияе ба ҷуз ғаразҷуёна ва ҳангомабозӣ дигар чезе беш нест. Бо ибори мурдумӣ “пеш аз пода чанг хезонд”. Таъкидан ба бадхони миллат гуфтанием, ки Ҳукумати Тоҷикистон  дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст. Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” 29 сентябри соли 2022 беш аз 1000 тонна орди гандумро ба Афғонистон ирсол намудааст, ки ин кумаки башардӯстона ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди кишвари ҳамсояамон тақсим гардид. Илова бар ин, қаблан  сокинони вилояти Суғд барои 43 хонаводаи паноҳандагони афғон кӯмаки башардӯстона ҷамъоварӣ карда, ба ҳар оилаи гурезаҳои Афғонистон маводи ниёзи аввал: 50 кг орд, 5 литр равған, 5 килограммӣ биринҷ ва шакар, инчунин 15 маводи гигиенаи шахсӣ ҷамъоварӣ ва дастрас шуданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои хеш бо Антониу Гутерриш-  дабири кулии СММ оид ба масоили ҳаводис ва вазъи кунунии Афғонистон таъкид доштаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳанд ва онҳоро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузоранд. Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки дар давоми моҳи октябри соли равон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи шаҳри Ҳироти Афғонистон аз вазъи бавуқуъомада дар пайи заминларза чораҳо андешида истодааст.

Дар фарҷоми изхороти хеш, қайд менамоем, ки барномаи ифротии “Ислоҳ. нет”, бахусус баромадҳои М. Садриддин ва пайравонаш характери ифротгароӣ дорад. Боварии комил дорем, ки ҳамдиёрони мо барои сафедро аз сиёҳ ҷудо кардан саводи комил доранд. Хулоса, мо ин навбат низ баромади ифротии  М.Садриддин ва умуман  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ- ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *