Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад
Ин ҳолатҳо асосан дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, бахусус имрӯз дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд, ки баёнгари ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир мубаддал гаштани ин зуҳуроти номатлуб мебошад. Баробари ин дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, имрӯз ба даст гирифтааст ва вазъи ин кишварро нисбатан душвору пурҳассос кардааст.
Дар асоси расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва бахусус ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуёнаш тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад, амалҳои террористӣ содир намуданаш ба назар мерасад. “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и экстремистӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилии амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад.
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Афғонистон аз ҳисоби миёна ҳар чор рӯз як маротиба амалӣ терррористӣ содир шудаанд.Чунончӣ, аз оғози санаи 3 октябр то 22 октябри соли равон, яъне дар давоми бист рӯз дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ содир шуда, 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла:
– 3 октябри дар масҷиди Идгоҳи Кобул таркиш ба амал омадааст;
– 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз, аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд;
-15 октябр ҷангҷӯёни ин кишвар ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд;
-20 октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг таркиш рух дод;
-22 октябри хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул инфиҷор ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Дар айни ҳол бахусус гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ ва “Ал-Қоида”фаъолияти худро барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ дар ин кишвар ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад, масъулияти ҳамла ба масҷиди дар боло зикршударо бар уҳда гирифтааст.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки имрӯз терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он, мутаассифона, на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд.
Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун афроди иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил ёфтааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин, соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикасти онҳо шуда метавонад.
Дар робита ба ин масоил тасмимгириҳои саривақтии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан зарур аст,ки баррасии масъалаи мазкур дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, алалхусус марбут ба Афғонистон борҳо ба аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда, аз ҷумла зикр намудаанд: “Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.Чунин нигаронӣ бояд аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя ва умуман тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиддӣ гирифта шавад.”
Воқеан изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Бинобар ин баррасии ин масоил дар сатҳи байнадмилалӣ бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлату миллат, бахусус кишварҳои ҳамсарҳад пайванди қавӣ доранд.
Аз суханҳои Пешвои миллат ёдовар шуда, боз як нуктаи муҳимро таъкид менамоем, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Сарвари кишварамон мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон доштанд, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда бошад.
Метавон қайд кард, ки барои ҷасорату ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, воқеаи нодир аст. Дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки дигар давлатҳо нисбати ҳаракати “Толибон” мавқеи худро пинҳон медоштанд.
Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш, бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки пешниҳодҳои сулҳовари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои эътидол овардани авзои Афғонистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таъмини сулҳу субот дар митақа, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир ҳоҳад гузошт.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ