Исмоилова Дилбар

Исмоилова Дилбар Муъминҷоновна баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба факултети иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси “Муҳосибот, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ” дохил шуда, соли 1997 онро хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ тибқи пешниҳоди комиссияи аттестатсияи давлатӣ аз соли 1998 то соли 2001 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намудааст. Дилбар Исмоилова соли 2004 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми идораи бозори хизматрасонӣ»  рисолаи номзадиро ҳимоя кардааст. Аз соли 2000 то соли 2010 дар шуъбаи хуҷандии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолияташро оғоз намуда, то ба вазифаи дотсенти кафедра расидааст.

Аз соли 2010 то соли 2021 вазифаи мудири кафедраи «Молия ва қарз»-и МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”-ро бар уҳда доштааст. Аз моҳи сентябри соли 2021 Исмоилова Дилбар ҳамчун мудири Маркази илмӣ-тадқиқотии МДТ “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” фаъолият бурда истодааст. Ӯ мунтазам сатҳи корҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ – тадқиқотии худро баланд мебардорад. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ ва китоби дарсӣ аз фанни молияи корхонаҳо мебошад. Таҳти роҳбарии Исмоилова Д.М. як қатор магистрантон корҳои илмӣ омода карда истодаанд. Дар давоми фаъолияташ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ худро ҳамчун инсони хоксор, меҳнатдӯст ва хушмуомила муаррифӣ намудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *