ҲАДАФ ВА ҒОЯҲОИ НОМАТЛУБИ ҲНИ

        Санаи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро ба ҷаҳониён эълон намуда, имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мешиносанд.

Мутобиқи моддаи 1. «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Бо мақсади татбиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои бурдани ҳаёти осуда ва озоди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

Дар ин замина тӯли солҳои истиқлолият, барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Яке аз ин ҳизбҳои сиёсӣ – Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошад, ки он санаи 4-уми декабри соли 1991 ба саҳнаи сиёсат қадам гузошт. Дар оғоз сарварии онро Саид Абдуллои Нурӣ ба ӯҳда дошта баъдан он ба зиммаи Муҳаммад Кабирӣ вогузор шуд.

Пӯшида нест, ки маҳз дар ангезиши алангаи ҷанги бародаркуши соли 1992 нақши босазоро Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бозидааст. Маҳз аъзоёни ин ҳизб дар давраи аз 27 март то 27 ноябри соли 1992 силоҳ дар даст барои амалӣ намудани ғояҳои ифротгароӣ фаъолият бурданд. Ғоя ва ҳадафи асосии ҲНИТ ин касб намудани ҳокимияти қонунии Тоҷикистон ва ташкили давлати бо ном исломӣ буд.

Мувофиқи маълумотҳои коршиносони ҷаҳонӣ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ягона ҳизби исломӣ буд, ки дар Осиё Марказӣ расман фаъолият мебурд. Ин далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ буда, барои озодона фаъолият бурдани ҳар як ҳизби сиёсӣ ва Иттиҳодияи ҷамъиятӣ имконият фароҳам овардааст.

Аммо ҲНИТ аз озодии додашуда сӯиистифода намуда, барои татбиқи ғояҳои ифротгароӣ фаъолияташро вусъат бахшид. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

– Мутобиқи моддаи 8 «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.» Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ имзо гузоштааст, фаъолияти ҲНИТ-ро ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасию муҳокима намуда, фаъолияти ҲНИТ аз рӯи талаботҳои моддаи 129 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаҳои 149 (барангезонидани халқ барои шӯриши яроқнок бар зидди Ҳокимият), 313 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Туркия, моддаҳои 127 (бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ), 128 (бо роҳи зӯроварӣ бартараф кардани мақоми конститутсионӣ), 140 (сӯиқасд ба суст кардани иқтидори ҳарбӣ)-и КҶ Полша, моддаҳои 242 (хиёнат ба давлат), 249 (кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ аз вазифааш дур кардани Президент), 278 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Австрия, моддаҳои 104 (сӯиқасд барои вайрон кардан ва тағйир додани шакли идоракунӣ), 113 (шӯриши яроқнок), 124 (сӯиқасд ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ)-и КҶ Белгия, инчунин Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 09 декабри соли 1994 қабул карда шудааст, ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегардад.

Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам соли 2016 ҲНИТ ба Феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шудааст.

Ба зиммаи омӯзгорон масъулияти баланди тарбияи ҷавонон вогузор карда шудааст ва мо омӯзгорон ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо, решакан намудани ғояҳои ифротагроии ҲНИТ камари ҳиммат бандем.

Равияи ифротгароии ҲНИТ осмони софи тоҷикро
тира нахоҳад кард
Вазъи сиёсии мамлакатҳои Исломӣ дар замони муосир хеле ноором аст, ки он бевосита ба тамоми мамлакати ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Равияҳо ва ҳизбҳои диниву экстримистии давлатҳои Исломӣ, давлати соҳибистиқолу дунявии тоҷикро низ ба гирдоби ҳалокатовари идеологияи динии худ кашиданианд. ҲНИТ, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекарду дорои рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетӣ буд, ки бо воситаи он дар ҷомеаи тоҷик пешбарандаи идеологияи ифротгариву иғвогарӣ, ки бар зиддӣ сиёсати оқилонаи Президенти ҷумҳуриамон равон карда шуда буд, баромад мекард. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ: «Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».
Дар ҳақиқат ҲНИТ аз рӯи фаолияташ ҳамчун равияи хусусияти террористидошта, худро дар ҷомеа муаррифӣ кард. Санаи 03 – 04 сентябри соли 2015 бо сарвари яке аз аъзоёни ҲНИТ Назарзода А.М. (собиқ муовини вазири мудофиа) бо сӯистифода аз вазифаи худ ҳамяроқони худро, ки зиёда аз 150 нафар буданд, дар маркази ш. Душанбе к. А. Дониш 55 (собиқ «Хлебзавод»), ҷамъ оварда, онҳоро бо либосҳои ҳарбӣ ва яроқҳои оташфишон аз ҷумла: «автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ» мусаллаҳ кард. Номбурда инчунин «шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намуд». Иттиҳодияи ҷиноятии мусаллаҳкардашуда «… дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд». Дар натиҷаи ин амалиёти даҳшатангез халқи тоҷик боз бо ҷанги хунин дучор шуд. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ: «Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд».
Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик буд. ҲНИТ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш даъват мекарданд. Варақаҳои ҳизбӣ, ки дар амалиёти кофтуковӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар утоқҳои кории ҲНИТ дарёфт карда шуда буданд, шаҳодати зидди давлатӣ доштани ин ҳизбро муайян кард.
Мувофиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз ҷониби Суди Олии ҶТ фаълояти ҲНИТ ҳамчун хизби экстримистиву террористӣ қатъ карда шуд. Нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаҳои интернетии ҲНИТ низ манъ карда шуданд.
Баъд аз ин ҳодисаҳои пурмудҳиш, ки аз ҷониби ҲНИТ ба сари халқи тоҷик омад, хабари алоқа доштани Эрон бо душмани халқи тоҷик сарвари ҲНИТ – Кабирӣ М.Т. ҷомеаи тоҷикро ба ҳайрат овард. Аз тарафи Эрон даъват шудани М. Кабирӣ ба конференсия таҳти мавзӯи «Ваҳдати исломӣ» ягон шакку шубҳае нест. Эрон, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор мерафт, кунун чи тавр бояд шинохт? Дар ин ҳолат мақоле ба ёд меояд: «Дӯсти душмани мо, душмани мост».
Дар натиҷа, дастгирии Эрон М. Кабириро муаммоҳои зиёдеро падид овард, ки ба муносибати дустонаи байни Тоҷикистону Эрон рахнае зад.
Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи тоҷикро тира намегардонад.

 

Муаллими калони

кафедраи ҷомеашиносӣ 

Сорбони Г.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *