Дар ҷумҳурии мо ниқоби ҳизббозии динӣ дар нимаи дуюми солҳои 90- ум оғоз ва дар як муддати кӯтоҳ бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ паҳн гардид. Маҳз, ба маӣдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифротӣ роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90-ум ба ташкили гирдиҳамоиҳо оғоз кард , ки он дар ниҳояти кор ба бархӯрдҳои мусаллаҳона ва ҷанги шарҳвандӣ оварда расонид.
Имрӯз сарварони ин ҳизб ва аъзои он амалу кирдори терроистонаи худро дар хориҷи кишвар идома дода,ҷавонони гумроҳро ба сафашон ҷамъ карда, бар зидди кишвари худ шӯронида истодаанд. Терроризм ва экстремизим имрӯзҳо яке аз мавзӯъҳои муҳиму мубрами тамоми кишварҳои дунё аст. Он яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, зеро қувваи асосиаш аз ҳисоби ҷавонон ва наврасоне, ки аз таълиму тарбия дур мондаанд, саводи мукаммали диниву дунявӣ надоранд, ташкил ёфтааст.
Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аз тоифаи бешарафон безор буда, ҳангоми дар кишвар ба онҳо нафрат мехонанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки шахсе,ки ба ҳарфҳои онҳо гӯш медиҳад, гумроҳ хоҳад шуд. Зеро мақасади асосии онҳо гумроҳсозии мардум аст. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва аъзои он имрӯзҳо дар конфронсу семинарҳо ,дар сомонаҳои ивғоангезашон худнамоӣ карда, чеҳраи терраистонаи хешро нишон медиҳанд. Дар ҳақиқат онҳо душманони асосии кишвари худ мебошанд. Онҳо паҳнкунандаи ақида ва идеологияи бегонаи ифротӣ,террористӣ,экстремистӣ,тӯҳмату буҳтон ва бадномкунандаи миллату ватани худ ҳастанд.Онҳо мехоҳанд кишварро ба монанди мамлакатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон ноором созанд. Мақсади онҳо ин аст, ҷавонони гумроҳ дар Сурия ва Ироқ таҷрибаҳои ҷангиро омӯхта , ба ватани худ баргарданд ва бори дигар бар сари мардуми тоҷик куштору ваҳшоният оваранд.Тамоми амалҳои ТЭТ ҲНИ маҳз бо дастуру пуштибонии хоҷагони хориҷиашон сурат мегирад.
Аммо бояд онҳо хуб дар хотир доранд, ки имрӯз давлати Тоҷикистон мустаҳкам гаштааст ва мардуми мо огоҳу хушёранд ва дигар ҳаргиз намегузоранд, ки ягон гурӯҳи ҷинояткор даст боло кунанд.
Мудири китобхона
Усмонова Мухбира