ДАР ВАРШАВА ЧӢ ГАП?

Расонаҳои хабарӣ иттилоъ паҳн кардаанд, ки дар ҷаласаи навбатии САҲА дар Варшава ҷонибдорони Муҳиддин Кабирӣ ба ҳар як намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон нигоҳи ҳайратангез доштанд. Онҳо нисбати ҳама душмани бадхоҳеро барои худ тасаввур мекарданд.

Вақти танаффус намояндаҳои ҳизби наҳзат бо сардории Кабирӣ ба мулло Абдураҳими дар собиқа мухолифин (имрӯза устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдураҳим Каримов) бархӯрд намуда, исбот карданӣ шудаанд, ки ҳизби наҳзат гӯё террорист набуд ва нест. Домулло ба онҳо чунин посух додааст:

– Ҳадафи шумо ҷорӣ намудани равияи шиа дар Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, моҳи сентябри соли 2015 бо супориши хоҷаҳоятон кӯшиши табаддулот кардед.

Ва дар ҳамин асно мулло Абдураҳим бевосита ба худи Кабирӣ чашм ба чашм нигариста, мегӯяд:

– Магар писари ту набуд, ки як миллиону дусад ҳазор долларро аз ҷои муайян гирифта, ба дасти ҳоҷӣ Ҳалим дод! Ба ин чӣ мегӯӣ?

Дар ҷавоб Кабирии маккор аввал, ба қавле, даступо хӯрд, вале боз худро зуд ба даст гирифта, чунин исрор намуд:

– Домулло, агар наҳзат террористӣ бошад, биё, як занталоқи тоҷикӣ хӯрем?

Ин чӣ маънӣ дораду чӣ гуна савганд аст? Инро мулло Кабирӣ мегӯяд. бале ҳамон Кабирии сиёсатмадори маъруф ба ҷаҳон! Ҳайфи номи мулло ва сиёсатбозе, ки ҳоло ӯро, гуфтан мумкин, ҳама олам хуб медонанд.

 Ин ҷо тазаккур бояд дод, ки агар мулло Абдураҳим ба ин пешниҳод розӣ мешуду ҳарду қасами “занталоқи тоҷикӣ” мехӯрданд, баъди он ба Кабирӣ лозим меомад, ки ҳамаи занҳои худро ҳалола кунад, зеро вай кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015-умро дигар инкор карда наметавонист. Ин ҷо бояд шарҳ бидиҳем, ки агар нафаре занашро талоқ кунаду боз аз нав вайро ба никоҳ дароварданӣ шавад, бояд аввал ҳалола кунад, яъне ақалан занаш шабе бо дигар мард алоқаи ҷинсӣ ба ҷо биёварад. Аз ин рӯ, Кабирии асабонишуда аз ғазаб паст намеомад ва такрор ба такрор мегуфт: “Чӣ хел мо террорист ҳастем? Яроқ дар дасти шумо буд!”

Бале, ҳақ асту рост! Ҳамин яроқ буд, ки аввал пешвоҳои собиқи наҳзат ва баъд Кабирӣ сармоядор шуданд. Оре, ҳамин яроқ онҳоро соҳиби тиҷорат, корхонаҳо ва заминҳои ҳосилхез гардонд.

Ниҳоят, ҳаводиси моҷароҳои Варшава ба поён нарасида, овоза паҳн шудааст, ки барои ҷарроҳии набераи бемори Кабирӣ ба аҳолии тамоми дунё муроҷиатнома пахш кардаанд, ки ҳар кас ба қадри тавон ва аз рӯи имкон кӯмак бирасонад.

Магар Кабирӣ барои табобат пул надорад? Охир ҳамон амали 50–60 касеро, ки аз гӯшаҳои дуру наздики олам ба Варшава даъват карда, оваронд, ба сомон намерасонд, пули дар ин роҳ сарфгардида барои ҷарроҳии наберааш басандагӣ мекард.

Ё оқои Кабирӣ боз пешаи дигаре касб карданист, ки гадоӣ ном дорад?

ДИЛАФРӮЗ  ҲОМИДОВА,
мутахассиси шуъбаи илми ДИС ДДТТ 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *