БАДХОҲ ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДИ ХУД НАРАСАД!

Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиѓоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет зиёд ба чашм мерасад. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро таѓйир дода, бо ин роҳ кўшиш мекунанд, таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, ва хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Яъне бо кўмаки Интернет–манбаъҳо имрўз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки қаблан «Ахбор ком» номи худро ба «Ислоҳ нет»-и ифротӣ табдил дода, танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғи созмони “Паймони миллӣ”, “Пайванд”ва дигар равияҳои ифротӣ амал мекунад ва воқеан ин ҳама ғояи саркардаи наҳзатиён – М.Кабирӣ асту халос! Танҳо ба хотири ҳисобот додани онҳо ба хоҷагонашон аст. Муҳиддин Кабирӣ, ки худро соҳибдори “Паймони миллӣ” ва ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад ва бо ин васила худро “мусичаи бегуноҳ” – и бозиҳои сиёсӣ вонамуд карда, тан мегирад, ки аз ин ташаббуси пури адовату кина танҳо аз “баъзе шиносҳо” бохабар шудаасту ягон ҳизби сиёсӣ ё чеҳраи “маъруф” – и сиёсии тавоное нест, ки чунин тазоҳуротро ташкилу барпо намояд.

 Қоил мешавад, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дораду ҳеҷ гоҳ кӯшиши табаддулоти давлатӣ муваффақи ниятҳои нопокаш намешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, метавон таъкид кард, ки чунин нафарон ба мардуми мо дӯст шуда наметавонанд. Ба хориҷа гурехтани Кабирӣ ва аз дасти хориҷиҳо дастгири ёфтани он ҳам ба ҳамин омилҳо ишорат мекунад, ки Кабирӣ дастнишондаи дасти террористони байналмилалист.

 Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мазҳабро низ онҳо ба як бозори хариду фурӯш табдил дода, тавонистаанд, ки чандин нафарро аз мазҳаби Абӯҳанифа берун сохта ба роҳи манзҳабгароии бегона дароранд. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамфикрони нопокаш солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, ҳаммиллатони моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Бори дуюм бошад, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри соли 2015 хостанд кишвари моро ноором созанд, ки хушбахтона ин кор ба онҳо муяссар нагашт. Кабирии бадкирдору хоин, ки фикри баду забони бадаш худашро заҳролуд кардаасту ҳоло худаш дарду аламу захми кордро начашидаасту бар дигарон корд мехалад, фикр намекунад, ки ояндаи кудакони бегуноҳ чӣ мешавад. Дар урфият мегӯянд, ки аввал кордро ба худат зан, дард накунад бад ба дигарон зан. Худ медонад, ки изои бандаи муъмин ҳаром аст. Вале боз аз пайи ҳамон корҳои ифлосаш аст. Аслан симои аслии Кабирӣ ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳамон ҳизби ифротӣ асту баҳри расидан ба мақсади худ ҳам ифротиву ҳам иртиҷоӣ аст. Худо кунад, ки ба дили онҳо раҳм дарояд, инсоф дарояд, ақл дарояду монад, ки мардуми тоҷик осудаҳолона зиндагӣ кунад. Худаш, ки ба мардум ёри намерасонад, монад, ки халқ осудаҳол зиндагӣ кунад. Дар фарҷоми мақолаи хеш иброз медорем, ки наҳзатиҳо хуб бидонед, ки бадхоҳ ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нарасидааст ва тири нопоки шумо ҳам нишони худро намеёбад!

 ДИЛАФРӮЗ ҲОМИДОВА,
муҳаррири шӯъбаи табъу
нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *