ТТЭ ҲНИ – ИҒВОГАРУ БАДХОҲ

Мо борҳо  зимни андешҳоямон нисбати раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ иброз дошта будем. Ин навбат низ дар доираи фаъолияти муғризонаи ТТЭ ҲНИ адешаронӣ намуда, қайд менамоем, ки солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолияти ин ҳизби иғвогару бадхоҳ ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти ҲНИ будани ҳодисаҳо ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад. Душманони миллат аз тасдиқи содиршавиии ҷиноятҳояшон хулосабарорӣ накардаанд ва то ба ҳол барои мафкурапардозон сабақ нашудааст. Имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки бахусу М. Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷа истода, нисбат ба  давлатдории Точикистон, сиёсати имрӯзаи кишварро  зери эроди беасос қарор медиҳанд. Аммо, халқи боору номуси миллати точик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд. Хотиррасон бояд кард, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Воқеан, шуури тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ тағйир пазируфтааст ва касе қодир нест, ки ба мисли Кабирӣ ва пайравонаш  аз ҳисоби баъзе нохалафон мағзшӯи кунанд. Бояд қайд кард, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубанданд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки  раҳбарияту  ҳаммаслакон ва  думравони ТТЭ ҲНИ ва  умуман иғвогару бадхоҳони миллат  дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо  зоҳирфиребии худ нисбати Тоҷикистони азизамон  сухан гӯянд.

А. ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраииқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *