Ҷаҳонишавӣ ва ҳамгирогии давлатҳо дар мубориза бар зидии терроризм ва экстремизм

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ  ва бархӯрди тамаддунҳо маънавиёти ҷомеа  ба фазое табдил ёфтааст, ки кучактарин тағйирёбиро дар ҳаёти ҷомеа эҳсос намуда, дар муносибат, рафтору кирдори одамон инъикос меёбад. Ин раванд аз як ҷиҳат боиси ғанӣ гаштани симои аънавии ҷомеа гардад, аз тарафи дигар омилҳоеро ба бор меоварад, ки сабаби косташавии он мегарданд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сатҳи пасти донишу таҷриба, шуури ахлоқӣ на ба ҳамаи афроди ҷомеа имконияти дарки дурусти ин тамоюлҳои ҷадидро медиҳад. Аз ин боис, намояндагони баъзе қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла ҷавонон, дар баҳодиҳӣ, интихоб ва муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, мушаххастар, баъзе аз онҳо сӯи ҳар гуна ҳизбҳову ҳаракатҳои хислати радикализми динӣ ва экстремистӣ дошта майл менамоянд. Ин ҳолат дар навбати худ, муаммои аз дидгоҳи нав баррасӣ намудани мутобиқшавии аъзоёни ҷомеаро ба воқеъияти нави маънавӣ ва сиёсӣ ба миён оварда, онро ба масъалаи мубрами фалсафаи иҷтимоӣ табдил додааст.

Муназзамӣ ва барқарории рушди ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ҳар чӣ бештар ба солимӣ ва рушди маънавияти ҷомеа вобаста мебошад. Дар чунин шароит азнавдарккунии масъалаи шуури ахлоқӣ зарурияти амалӣ пайдо намудааст, чунки дар заминаи он омодагии ҷомеа ва шахс барои ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои умумимиллӣ ташаккул меёбад. Аз ин сабаб зарур аст, ки имрӯз маҷмӯи арзишҳои аслии ахлоқ, ки дар рушди иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳамчун омили муҳимтарин маҳсуб меёбанд, ҳифз ва ғанӣ гардонида шаванд.

 

Ҷанбаи муҳими ҷаҳонишавӣ аз он иборат аст, ки вай кулли муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам оварда, силсилаи зиддияту низоҳои иҷтиморо ба миён овардааст. Хатари ҷанги сеюми ҷаҳон, арзи вуҷуд намудани ҳар гуна ҳарактҳои деструктивии характери экстремистиву террористӣ дошта ва вобаста ба ин авҷ гирифтани низоҳои иҷтимоӣ ва мафкуравӣ дар заминаи бархурди эътиқод ва тамаддунҳо,  кӯшишҳои амалигардонии манфиатҳои геосиёсӣ, муаммоҳои экологӣ, демографӣ, гуруснагиву камбизоатӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, паҳншавии ҳаргуна бемориҳои сирояткунанда аз қабили ин муаммоҳо мебошанд. Хусусан ҳодисаҳое, дар якқатор давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, чанд давлатҳои арабӣ ва африқоӣ, дар ин қатор  паҳншавии касалии Коронарвирус COVID -19 дар ҷаҳон ба таври возеҳ нишон дод, ки дар шароити  ҷаҳоншавӣ сарҳадӣ мавҷудияти давлатҳо характери рамзӣ пайдо намуда, ҳаёти одамон ба садҳо риштаҳои ба назар нонамоён ба ҳам пайваст мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин равандҳо боз ҳам сареҳтар ба назар мерасанд. Масалан, давлатҳои Аврупо ва Амрико гумон доштанд, ки падидаи экстремизми динӣ ва ғояи терроризм фақат хоси ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии  давлатҳои Шарқ, ки дар ин ҷо мусалмонон зиндагӣ менамоянд, вобаста мебошанд. Аммо баъди амалҳои террористие, ки 11 сентябри соли 2001 дар якчанд шаҳрҳои Амрико (амалҳои террористӣ тавассути ҳуҷуми ҳавоӣ), баъд дар Фаронса, Олмон, Британияи Кабир рух доданд,  ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуд, ки экстремизм ва терроризм ба муаммои глобалӣ мубаддал гашта, он муборизаи ҳамаҷояи куллӣ давлатҳоро тақозо менамояд.

Ё рӯй орем ба далели паҳншавии касалии Коронарвирус COVID -19 аз моҳи декабри соли 2019. Дар аввал бисёр давлатҳо ба сабабҳои гуногун аз  ин касали канорагирӣ намуданд, яъне мавҷудияти онро эътироф накарданд.  Гумон карданд, ки ин падида дар масофаи дур аст ва ба мо дахл надорад. Кӯшиш намуданд, ки тавассути бастани сарҳадҳо, фармонэҷодкунӣ, таблиғу ташвиқот пеши ин касалиро гиранд. Вале онҳо дарк накарданд ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳаракати қувваи корӣ, молу хизматрасонӣ марзҳоро убур намуда, тамоюлоти умумибашарӣ пайдо намудааст.

Заминаҳои назариявии ин раванд дар таълимоти “анҷоми ҳудудҳо”-и ҷомеашиносӣ фаронсавӣ Б.Бади корбаст шудааст. Ӯ ба ин ақида аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои зуд ва самаранок ҳалл намудани ин муаммоҳо бояд онҳо аз доираи давлати миллӣ берун оварда шуда , ҷомеаи ҷаҳони барои ҳалли онҳо ҳамгироӣ намоянд.  Аз нигоҳи аввал ин ақидаи хеле ҷолиб аст. Ҳатто имрӯз чунин лоиҳаҳо тарҳрезӣ ҳам мешаванд. Аммо дар ин ҷо хатаре ниҳон аст, ки он на ҳама вақт эхсос карда мешавад. Матлаб ин аст, ки агар назарияи  “анҷоми ҳудудҳо” аз имконият ба воқеъият табдил ёбад,   истиқлолияти давлатҳои миллӣ, забону фарҳанги милии онҳо зери хатар мемонад.

Ба андешаи мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ бисёр нокомиҳо дар раванди мубориза зидди ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар сиёсати дугонаи баъзе давлатҳо ниҳон аст. Имрӯз эътироф гаштааст, ки терроризм ҳамчун амали канора ва иртиҷоӣ  ба худ марг, фишор, сӯиқасд, таҳдид, зӯроварӣ, куштор ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Моҳияти терроризмро олими тоҷик Г.Зокиров хеле возеҳ баён намудааст: “Терроризм ин шакли экстремизми сиёсӣ ва зӯроварии системанок аз ҷониби неруҳои сиёсӣ дар нисбат ба дигар субъектҳои сиёсӣ ва идоракунӣ мебошад. Дар сиёсат дар лаҳзаҳои бештар зиддиятнок ва муборизаи шадид истифода мешавад ва барои ин ё он таркибот ё ҳаракати сиёсӣ хатарнок аст.”  Аммо ба чунин нуктаҳои назариявӣ нигоҳ накарда, баъзе субъектҳои сиёси нисбати терроризм муносибати дугона зоҳир намуда, аз як тараф онҳоро маҳкум менамоянд, аз тарафи дигар бошад, барои амали намудани манфиатҳои геополитикии хеш дастгирӣ менамоянд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ диалектикаи инкишофи ҳастӣ чунин аст, ки ҳар як тағйироти кучаке, ки дар як гӯшаи дунё ба вуҷуд меояд, ҳатман ба вазъи ҳаёти иҷтимоии дигар субъектҳои байналхалқи таъсир менамояд. Фалсафаи ин равандро табиатшинос ва файласуфи рус  М. В. Ломоносов дар доираи назарияи корпускулӣ – монадаҳо хуб баён намудааст. Ӯ чунин нигоштааст: “Агар дар як гӯшаи олам монадае – зарраи хурдтарин нест шавад, пас донед, ки дар дигар қисамти ҳастӣ ҳамон порча бо шаклу мазмуни дигар,  миқдору сифати дигар пайдо мешавад”  Албатта, М. В. Ломоносов ин андешаи худро вобаста ба бақогии ва тағйирпазирии модда баён намудааст. Аммо ба фикри мо, ин андешаро дар талқини ягонагӣ, тағйиразирӣ  ва ба ҳам таъсир расонии равандҳои пурихтилоф ва мураккаби ҳаёти иҷтимоӣ   дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун асоси методологӣ қабул намоем хато намекунем, зеро воқеан ҳам имрӯз тағйирёбиҳои иҷтимоие, ки дар олам сурат мегиранд, ба риштаҳои ногусастани ба ҳам пайваст мебошанд. Масалан, дар як давраи муайян субъектҳои байналхалқи гумон доштанд, ки терроризм падидаи хос ба мамлакатҳои Шарқ ва Осиёи Марказӣ марбут мебошад. Вале раванди ҳодисаҳои минбаъда нишон дод, ки терроризм сарҳад, Ватан ва миллат надорад. Дар шароити кунуни ғояҳои деструктивӣ бо шакл ва мазмунҳои гуногун сарҳади давлатҳоро убур намуда ба мавҷудияти экзистенсиалии давлату миллатҳо хатарҳои зиёд ба бор меоварад.

Дар шароити бунёди ҷомеаи иттилоотӣ, ки бунёдаш аз имконият ба воқеъият табдил ёфтааст, муносибати иҷтимоии байни афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ куллан дигаргун гашта, он хислату равандҳои пурихтилофро ба бор оварда истодааст. Аслан чунин раванд барои   ҷомеаи инсонӣ бегона нест, зеро аз лиҳози таърихӣ дар ҳар як зинаи сифатан нави ҷамъият одамон бо муаммоҳову зиддиятҳои то кунун номаълум дучор гашта онҳоро ҳал менамоянд, дар баъзе мавридҳо  бошад аз ночории ҳалли онҳо зиндагии хешро ба шароитҳои нав мутобиқ мегардонанд.

                                                                                                                          Расулҷон  СОЛИҶОНОВ

                                                                                                    доктори илми фалсафа, 

                                                                                                       профессори ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *