ДУРӮҒ ВА ФИРЕБУ НАЙРАНГРО ПИНҲОН КАРДАН МУМКИН НЕСТ!

Мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вале бархе бадхоҳони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, нисбат ва қазияи Хоруғ ва бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани мақомотҳои маҳаллии ВМКБ бештар интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳо паҳн мешаванд. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватан доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Маҳалгарию бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Чунончи саркардаи гуруҳи муташаккили Хоруғи боло бо номи Мамадбоқир аз дурӯғу буҳтон истифода бурда, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Бадхоҳон гумон доранд, ки ин талқини тасаввуроти нодуруст ақидаи сокинони вилоят ва умуман кишварро дигар кунанд.Дар робита ба ин қайд менамоем, ки ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши Мамадбоқир ва ҳамсангаронаш барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад.Чунки ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Хулоса, суханҳои иғвоангезонаи Мамадбоқир ва ҳаммаслаконашро пайваста ва доимо маҳкум мекунем.

Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем,ки имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

  Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *