НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷойгир шуда, аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалӣ ва даҳҳо созмонҳои дигари ҷаҳонӣ мебошад. Давоми 30 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари озоди демократӣ, дунявӣ ва мустақил бо мазмуни том дар самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ҷаҳиши бузурге кардааст.

Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошанд, фикру ёдашон дар ришмониву сатрпӯшии занону духтарон буда, дигар ягон фикру андешаи пешравии ватанро дар дил намепарваранд. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд.

Гуноҳи азими онҳо буд, ки ҳоло садҳо шогирдони гумроҳи онҳо шаҳди ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чашида истодаанд. Аллақай мо дида истодаем, ки аҳволи ин «муборизо» кадом ҳол аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар асри 21 нодуруст паҳн кардани ғояҳои исломӣ ва мубориза таҳти он ин гумроҳии ва ба натиҷаи дилҳоҳ намеорад. Ин роҳ танҳо ба самти ҷаҳолату торикист.

Роҳбарони ин ҳизб танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошанд вале наметавонанд барномаи иқтисодӣ ва сиёсии худро ба халқ пешниҳод намоянд. Мумкин аст баъзе фикру ақидаҳо пой дар ҳавои онҳо як гурӯҳи муайянро гумроҳ намуда аз паси онҳо раванд лекин ин роҳ сарбаста аст ва охири он торик мебошад. Дар ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд. ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо максади амалӣ намудани максадҳои нопокашон аллақай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодаанд.

Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ТТЭ ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад доштҳ Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меорандҳ Боке нест, ягон вақт ин тоифа ба худ ояд ва як хулосаи даркории худашонро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.

Онхо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамту ба рафти фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ беҳуда таваҷҷуҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезӣ намехоҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *