ҲАҚИҚАТРО АЗ ДУРӮҒ ВА ҶИНОЯТКОРРО АЗ ИНСОНИ КОМИЛ ФАРҚ БОЯД КАРД

Таърих гувоҳ аст, ки сулҳофаринии мардуми тоҷик дар таърих бо хатҳои зарҳалин навишта шудаанд. Аммо, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд гуруҳҳои алоҳида ва ашхоси гумроҳшуда, ки даст ба амалҳои ношоиста мезананд ва амалҳои онҳо боиси норомию ноамнии кишвар мегардад. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд,ки рӯзҳои 25 – 28 ноябри соли 2021 аз чониби гуруҳҳои ҷинояткори муташаккили ҷиноятӣ дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ нооромиҳоро ба миён оварданд, ки далели ин гуфтаҳоянд. Ин қазия аз он далолат мекунад, ки ҷоҳилони ноҷавонмардони зархариду фурӯхташудаи гурӯҳҳои муташаккил асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят, гуноҳояшон талош карда, ин ҳодисаи баамаломадаҳангомаҳои болохонадор сохта хостанд мардумро ба шӯр андозанд. Инчунин моҳҳои охири соли равон дар фазои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоӣ тамоюле мушоҳида мешавад, ки бархе гурӯҳҳои бадҳоҳ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ рушди бо низоми Тоҷикистон, бахусус ободиҳои Бадахшонро дидаву дониста сарфи назар менамоянд. Бо ин роҳ , яъне ба хотири эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд. Масалан яке аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи боло бо номи Мамадбокир бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла, тавассути шабакаҳои ичтимоӣ баромад намуда, кушиш дорад худро мусичаи бегуноҳ шуморад, гӯё ягон ҷиноят содир накардааст. Аммо ба ҳамагон аён аст, ки Мамадбоқир ва ҳаммаслаконаш бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад!
Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос шудан аз ҳама гуна ба ном лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат низ талош дорад, ки ба мавҷудияти ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии мардум халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки Тоҷикистонро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, ҳалолкорро аз ҳаромкор ва ҷинояткорро аз инсони комил фарқ кунем.
Имрӯз сокинони бофарҳанги ВМКБ найрангҳои гуруҳи муташаккили ҷиноятпешаро дарк намуда, маҳалгароӣ ва амалҳои номатлуби Мамадбокирро шадидан махкум намуда, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *