Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони истиқлол дар маркази сиёсати давлатӣ ва дар меҳвари таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, як марҳилаи рушду ободонии босуръати худро аз сар мегузаронад. Вале, мутаассифона, бархе гурӯҳҳои бадхоҳ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми рушди Бадахшон дар замони исиқлолиятро дидаву дониста сарфи назар намуда, ба эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд. Хулоса, имрӯз ягона роҳ барои фаъолияти бадҳоҳон дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода, гӯё «адолату ҳақиқатро»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Чунончӣ як шахси ҷиноятпеша бо номи Мамадбоқир ва тарафдораш, ки ангуштшуморанд таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи радиову реҷаи онлайни баромад намуда, ҳамаи айбро ба гардани мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқӣ ҳавола кардан кӯшиш доранд. Хулоса, Мамадбоқир ба ҳар роҳу восита мехоҳад худро аз қабзаи ҷиноткор будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Вале, чиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир ба ҳама маълуму аён аст.Чунончӣ аз ҷониби Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ ба саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо тавбаи худ чун шоҳиди воқеа бо далелҳои раднашаванда ҷиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир бори дигар аёну тасдиқ шуд. Умуман, гуфтанием, ки мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони Бадахшон ҳақиқатро аз дуруғ фарқ карда метавонанд ва ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин бадхоҳони миллат дигар бовар нахоҳанд кард. Мардуми азизи Бадахшон ба воқеият маҳз бо чашми хирад ва воқеъбинона менигаранд
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки воқеияҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ рухдода, барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарсе бошад ва мо ҳушёр бошем, ки неруҳои бадхоҳ, дигар дар Ватани мо ҳузур пайдо накунанд ва нақшаҳои нопоки худро татбиқ карда натавонанд. Мо боварии комил дорем, ки дер ё зуд гуруҳҳои бадхоҳ дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳанд гуфт.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ