Санаи 12.03.2024 сатҳи донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд. Тибқи номинатсияҳои озмун 6 нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон, 6 нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ, 3 нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир ва 1 нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи эҷоди назм ба сатҳи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯёни Донишкада бисёртар дар самти иқтисодиёт, ҳуқуқ ва идоракунӣ таҳсил менамоянд, лекин ба ин нигоҳ накарда, бисёр донишҷӯён ба хондани китобҳои адабиву бадеӣ шавқу рағбат доранд. Ҳамчунин, дар кафедраҳои забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал мекунад, ки устодон донишҷӯёнро ба хондани китобҳо ҷалб мекунанд. Тибқи натиҷаи озмун ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ дар рӯзҳои ҷавонон қадрдонӣ хоҳанд шуд.