М.САДРИДИН АЗ РАЗИЛӢ РӮ НАМЕГАРДОНАД!

  Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки дар давоми соли равон иддае аз афроди хиёнатпешаву гумроҳон ва  нотавонбинони миллат, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, узви фаъоли “Паймони милли..” мебошад, то ҳол ба худ хулосае набароварда, боз бо роҳнамоии роҳбарияту хоҷагони хориҷиашон, тариқи сомонаи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ.ТV), дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир” ровигӣ намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи наҳзатиҳо,  аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонад. Ин афроди бешраф, ки лақаби “Иқболби”-ро дораду зимни баромадашон бо ҷалби шогирдону думравонаш такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти  роҳбарияти олии кишвар, ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобад. Аммо, дар зимн андешаи дигар дорад. Бояд қайд кард, ки имрӯз дар симои роҳбараш М.Кабирӣ ва як зумра сиёҳкорон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Масалан зимни баромади ифротиаш М.Садриддин санаи 10 марти соли равон дар барномаи ифротии зикршуда бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Идибек  вобаста ба масоили барқ ва беасос нисбати роҳбарити олии Ҳукумати кишвар аз ҳарчи ба даҳонаш ояд сафсатагӯӣ карда, боз туҳмату ѓайбат намуд. Гарчанде зимни баромадаш вобаста ба фазилати моҳи Рамазон сухан карда бошад ҳам, андешаи  иғвогариаш гуфторашро  инкор кард, ки  бешубҳа суханаш мисли обу ҳаво тағийр ёфтанаш далолат менамояд. Ҳол он ки моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин аст!

         Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи раҳбарияту аъзоёну думравони “Паймони милли..”, ки дар асл он ТТЭ ҲНИ мебошад,ба ин  тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.  Умуман, имрузҳо мардуми мушкилнописанди кишвар нисбати бадхоҳони миллату давлат ва оид ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро гузошта истода,  тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоянд.

М. АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *