ИҒВОҲОИ ҲАМЕШАГӢ ВА МАТЛАБҲОИ БАДНОМКУНАНДАИ НАҲЗАТИҲО АЁН АСТ!

Мушоҳида ва таҳлилҳои моҳҳои охири соли равон,собит менамоянд,ки раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ.”, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби думравонаш тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ.ТV), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари мухоҷир” ровигиро касб карда, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд. Барномаи ифротии мазкур аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад вазъи кишвари моро ноором созад. Масалан дар баромади навбатиаш М.Садриддин, санаи 10 марти соли равон боз худро “уламои дин” шуморида, аз оғози моҳи шарифи Рамазон бо ҷалби думравонаш, ки бо ному лаҳқабҳо, аз ҷумла Абдухалил Восеев, Идибек, Муҳоҷир, Сибир ва Мамукаи доғистонии фирефташудаи наҳзат аст, бо баҳонаи масоли барқ, беасос тӯҳмуту ғайбатро пеша карданд. Ҳол он ки моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин аст!
Баромадҳои қаблӣ ва набватии М. Садриддин ва думравонашро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар робита ба ин, ба ин суол ба миён меояд. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлоли он 33 сол мешавад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад.
Баромади навбатии М.Садриддин ва думравонаш бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепоя дар дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон медиҳад, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Умуман, бухлу ҳасад дар вуҷуди наҳзатиҳо ва пайравонаш ҳаст ва мемонад. Иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунандаи наҳзатиҳо аён аст!
Хулоса, мо ҷавонон аз соҳибистиқлолии кишвари хеш сарбаланду шукргузорем ва аз аркони дини Мубин фазилати моҳи шарифи Рамазон огаҳем. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Аммо, гуфтори рафтори М.Садриддин ва думравонаш баръакси ин суханҳо. Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд.
Дар интиҳои андешаи хеш мо ин навбат низ баромадҳои иғвогаронаи М. Садриддину думравонаш ва умуман раҳбарияту ҳаммалакони паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли..”-ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *