Санаи 9-уми марти соли равон дар Донишкада бо ташаббуси шуъбаи тарбия бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳассилин ва эҳтирому риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ озмун таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ- омили муҳимтарини тарбияи шахс» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур донишҷўёни ҳар се факултет ба тариқи даставӣ иштирок карда, аз рўи шартҳои саволу ҷавоб, пешниҳоди газетаи деворӣ ва видеоролики беҳтарин баромад намуданд.
Аз рўи натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷои якум насиби дастаи донишҷўёни факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, ҷои дуюм дастаи донишҷўёни факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҷои сеюмро дастаи муҳассилини факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ соҳиб гардиданд. Ғолибони озмун бо диплом ва тўҳфаҳои хотиравии раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *