ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд нисбат ба баромадҳои хоинони миллат дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”(аз 06.03.2024)

Мо омўзгорони кафедраи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар ҳастем, ки ин навбат санаи 06 марти соли равон яке аз ҳаммаслаки паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли”(ПМ) Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби думрави қаблиаш бо Сулаймону Муҳаммад Тағоев ва як қатор афрод бо ному лақаб, аз ҷумла Фаррух, Мамука, Мубориз мебошанд, ки аз афзалияту имконияти шабакаҳои иљтимої васеъ истифода бурда, тавассути сомонаи “Ислоҳ. нет”- (Ислоҳ ТV) дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” асосан ба масоили барқ боз суханҳои носолими худро пеша намуданд. Бо ин васила аз пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд.Роҳбарияту аъзоёну думравони бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Ин гурӯҳаки ифротӣ намедонанд, ки имрўз андешаи ватандўстию меҳанпарастии мардумони кишвар нисбат аз солҳои 90-уми асри гузашта фарқияти калон дорад. Бинобар ин, ба М.Садриддин ва думравонаш, умуман ба раҳбарияту ҳаммаслакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат-ПМ бори дигар хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд. Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Имрузҳо мардуми кишвар дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебаранд ва дастовардҳои дар тўли беш аз 32 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунанд.
Мо омузгорони кафедра рўз то рўз аз файзу самараи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хоинони миллатро маҳкум менамоем. Хулоса, нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иљтимої нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд! Ба раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи –“Паймони милли”-и тафриқаангез таъкидан қайд менамоем ва бидонанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *