БАҲРИ РЕШАКАН НАМУДАНИ ҒОЯҲОИ ИФРОТГАРОИИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамояд, ки хориҷиён аз кишварҳои абарқудрат барои ноором кардани вазъи кишварҳои ҷаҳон, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ аз ягон роҳу усул то ҳол даст накашидаанд.Аз ин ҳолат фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористию экстремистӣ густариш меёбанд. Баробари ин, дар ҷомеаи муосир нафарони бадхоҳони миллат ва хоинони ватанфурӯш мавҷуданд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебинанд . Дар иртибот ба ин, мо борҳо мисолҳо оварда будем. Ин навбат боз нисбат ба фаъолияти муғризонаи шогирдону пайравони наҳзатӣ ибрози андеша намуда, қайд менамоем,ки аз оғози соли равон то имруз Муҳаммадиқболи Садриддин бо лақаби “Иқболбӣ да сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи “Минбари муҳоҷир” 34 маротиба ва дигар афроди ҳасадхур Беҳруз Тағойзода, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” ҳар моҳ ду маротиба дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромад намуд. Зимни баромадҳояшон асосан сиёсати пешгирифтаи кишвари соҳибистиқлоламонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор доданд. Ин тудаи бадхоҳони миллат, умуман ҳаммаслакону думравони наҳзатӣ чунин афроди тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакону пайравонаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.

Хулоса, таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори ин тудаи бадхоҳ андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳону хиёнаткорони миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Имрўз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромадҳои М.Садриддин ва Б.Тағойзодаи хиёнаткору бадрафтори ҳасадхури миллатро маҳкум намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем.

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *