
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Танҳо дар тӯли даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа — занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Пайомадҳои чунин вазъро қаблан мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва имрӯзҳо бошад, дар Афғонистон ба назар мерасад.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, бахусус «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, дар расонаҳои хабарӣ бештар шакли ДОИШ ва ДИИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад, ки дар қаламрави Афғонистон ошкору пинҳонӣ фаъолият дорад ва вазъи минтақаро мураккаб месозад. Имрӯзҳо ҷангҷӯёни ДИИШ шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо ҷаҳлу хурофот ва роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро дар қаламрави Афғонистон амалӣ менамоянд.
Чунончи, 19 январи соли 2026 дар маркази шаҳри Кобул, дар тарабхонаи чинӣ, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба уҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Инчунин рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябри соли 2025 аз хоки Афғонистон ба ду ноҳияи марзии Тоҷикистон ҳамла анҷом шуда, панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд, ки дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд. Инчунин ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар шаҳри Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд. Бояд ёдовар шуд, ки мақомоти “Толибон” баъди бозгашти дубора ба қудрат дар соли 2021 борҳо гуфтаанд, ки иҷозаи ҳамла аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро намедиҳанд. Аммо, давоми чор соли охир чанд маротиба аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла шуд.
Хулоса, бо дарназардошти авзои кишвари ҳамсоя — Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Дар интиҳои андешаи хеш бояд қайд кард, ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ падидаҳои хатарзо барои ҷомеаи ҷаҳони имрӯза буда, то ба ҳол бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрӯз ҷавонон аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омӯзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.
Ф. МАМАДҶОНОВ, устоди ДИС ДДТТ
