
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тариқи расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки вақтҳои охир яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки қаблан сомонаи “Akhbor.com”-ро таъсис дода буд ва имрӯз номи пойгоҳро ба номи “Ислоҳ” иваз намуда, бештар дар канали YouTube- Ислоҳ.тv дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш нисбат ба кишварамон дасисаю ҳангомаю ҳарза ва иғвогариро идома дода истодааст. Дар атрофи ин масоил андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки М. Садриддин ва думравонаш имрӯз аз шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҳлука афтода, ба либосашон кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тӯҳмату ғайбат дигар коре надоранд.
Масалан, 10 майи соли равон М. Садриддин таҳти унвони “Муҳоҷир байни ду оташ: Ватан, Русия ё куҷо” дар барномаи ифротии зикршуда бо ҷалби шогирдону пайравонаш, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло ва як қатор бо номҳои ғайриоддӣ, аз қабили “7+70”, “Ватан 665”, “Ҷонсон” ва “Ватсап” боз чун баромадҳои қаблиаш аз зери нохун чиро мекофту мардумро хира карда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта, оид ба масъалаи рушди кишварамонро бо Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Афғонистон муқоиса кард. Гӯё аз кишвари ҳамсоя сатҳи зиндагии мардуми кишвари соҳибистиқлоламон боло аст. Умуман, баҳодиҳии бадхоҳони ифротӣ ба ягон қолиб рост намеояд. Пӯшида нест, ки имрӯз сатҳи зиндагии мардуми Афғонистон ва ҳуқуқи занон дар кадом сатҳ қарор дорад, ки ба хонандаи закӣ, ҳоҷат ба баён нест!
Илова ба баромади навбатии бадхоҳони ифротӣ бояд қайд кард, ки бо намоиши сабти навори видеоӣ, бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар Олмон баргузоршударо нишон дода, онро нодуруст арзёбӣ намуданд. Баробари ин, М. Садриддин зимни баромадаш он шаҳравандони дар Олмон ба тиҷорат машғулбударо, ки дар арафаи Иди Қурбон ба мардуми кишварамон эҳсонкорӣ пеша кардаро даъват намуд, ки ин амали хайрро ба ҷо наоваранд. Бо ин васила ишора ба он кард, ки ба пойгоҳи “Ислоҳ” кӯмаки молиявӣ расонида шавад.
Хуллас, мо дар изҳоротҳои ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи иғвогарони ифротӣ, ки аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Имрӯз М. Садриддину думраваш ва умуман наҳзату наваҳзатӣ ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати мақомоти қудратӣ, Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Бояд қайд кард, ки ҳар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, на дар минбару шабакаҳои иҷтимоӣ бо забони давлатӣ аз номи кишвар сухан гӯяд. Ёдовар мешавем, ки ягон миллати ҷомеаи имрӯза мисли М. Садриддин ва думравонаш нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад. Ба андешаи мо, М. Садриддин аз ақл бегона шудааст ва ё як ифротии ба бемории рӯҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоияш эҳсос карда будем, ки бо чунин авзои беҷо ё бемории рӯҳӣ дорад ё нашъаманд ҳаст.
Ба М. Садриддину шогирдону думравонаш, умуман ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки бо талқини волотарин шиори тоҷикон дар масири таърих «Гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин бадхоҳон ва душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Хулоса, баромади навбатии М. Садриддин ва думравонаш бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Бинобар ин, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.
Дар интиҳои изҳороти хеш бояд қайд кард, ки мо ҳамавақт суханҳои М. Садриддину думравонаш ва умуман, наҳзату навнаҳзатиро шадидан маҳкум намуда, намегузорем, ки ин бадхоҳони ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
