
Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд. Илова бар ин, имрӯз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.
Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиву ифротгаро бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд. Ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ворид гашта, фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд.
Дар ин радиф, ҷомеашиносони барҷастаи ҷаҳон мегӯянд: “Агар давлаткунониро нобуд кардан хоҳӣ, пеш аз ҳама насли наврасу ҷавонашро мағзшӯӣ намо, давлат худ гирифтори парокандагӣ гашта, аз байн хоҳад рафт”. Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар ҳангоми ворид шудан ба фазои интернет бояд ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб мешаванд. Ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, саҳми онҳо дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки: “Ҷавонон — қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”. Аз ин хотир, ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз падидаҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ дар канор бошанд ва дар таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар саҳми арзандаи худро минбаъд низ гузоранд.
Хуллас, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд. Ҳамчунин, кишвари мо бо сохторҳои минтақавӣ чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» зикр карда шудааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”. Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат маҳсуб мешаванд. Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурусти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод намуданд. Зеро омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд.
Бо баробари ин, ба хотири ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Иллм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.
Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханварӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодаанд.
Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз дастгирии наврасон ва ҷавонон гувоҳӣ медиҳанд. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд. Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз ин падидаҳои номатлуби асри нав худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
М. МАМАДҶОНОВА, устоди ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд
