ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНӢ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ мавҷуданд, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидаанд. Дар тамоми манотиқи кишварҳои олам террористону экстремистон танҳо як ҳадафи асосиро амалӣ мекунанд, ки ин ҳам бошад, онҳо тавассути қурбониҳои бузурги инсонӣ ва харобкорӣ дар байни омма тарсу ҳарос ва нифоқ меандозанду ба ин васила ба сиёсати давлатҳо фишор меоранд.

Чунончи, яке аз гурӯҳҳои тундрав бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», ки дар расонаҳои хабарӣ дар шакли “Давлати исломӣ”, ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад, имрӯз аз вазъияти кунунии Афғонистон истифода бурда, фаъолияти ошкоро дорад ва вазъи ин кишварро мураккабтар намудааст. Усули рафтор ва кирдорҳои аъзои ДИИШ аз он шаҳодат медиҳад, ки ягон меъёр ва арзиши динӣ барои онҳо эътибор надорад. Созмону ҳизбҳои ба ном динӣ иртиботе ба дини мубини Ислом надошта, балки назди онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Қуръон арзиш ва эҳтиром надоранд. Кирдорҳои террористону экстремистон хилофи таълимоти дини мубини Ислом ва зидди конвенсияҳои ҳуқуқи башар мебошад.

Хулоса, ифротгароӣ ва терроризми муосир сарҳад надорад ва ба як зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Хатарафканӣ ва бесарҳадии терроризм хусусияти фарқкунандаи терроризми муосир мебошад. Омӯзиш ва таҳлили масъалаи зикргардида собит менамояд, ки барои сарнавишти минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ, омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.

Умуман, дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа, дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ, ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини мубини Исломро ҳифз намоем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.

М. МАМАДҶОНОВА, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *