Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол қаблан зимни изҳороти хеш, борҳо якдилонаю якзабона баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар яке аз кишвари Аврупо қарор дошта, бештар дар канали YouTube, тавассути сомонаи пойгоҳ бо номи “Ислоҳ.” – Ислоҳ.tv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ровигӣ намуда, бо ҷалби шогирдону думравонаш нисбат ба кишварамон иғвогарӣ менамояд, андешаҳоиямонро иброз дошта, онро маҳкум намуда будем.
Ин навбат низ дар атрофи баромадҳои ииғвогаронаи М. Садриддин, ки санаҳои 3, 6, 13, 17 ва 20 майи соли равон боз бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло баромади ифротӣ намуд, андешаҳоямонро иброз менамоем.

Бадхоҳони зикршуда зимни баромадҳояшон иғвоангезию ҳангомаҷӯиро пеша карда, зери суханҳои мардуми гузаштагон “аз пашша фил” сохта, бо ин роҳ мехоҳанд сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир диҳанд.
Баробари ин, боз такроран гуфтанием, ки М. Садриддин ва думравонаш, нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол дар таҳлука афтодаанд. Имрӯз ба либоси М. Садриддин ва пайравонаш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз туҳмату иғвогарӣ дигар коре надоранд.
Ин бадхоҳони миллат аз аввали фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд.
Баробари ин, бояд қайд кард, ки вақт довар аст ва имрӯз кулли мардуми медонанд, ки М. Садриддин ва думравонаш кистанд ва чӣ ният доранд. Воқеан, имрӯз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғи ифротиву ихтилофангези бадхоҳони ифротӣ комилан бовар намекунанд.
Хулоса, натиҷаҳои нохалафиву иҳвогариҳои афроди зикршуда бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем.
Тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани хешро аз дасисаҳои бадхоҳони ифротӣ эмин нигаҳ дорем. Мо ҷавонони тоҷик бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созем.
Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти дякҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.
