
Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол, тариқи расонаҳои хабарӣ бохабарем, ки имрӯзҳо яке аз думравони фаъоли наҳзат, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки оқибат ба кишварҳои Аврупо фирорӣ шуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ислоҳ.нет” ва “Номаҳо аз Ислоҳ.нет” таъсис додааст, бо ҳар роҳу восита, алалхусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва амиқтараш тариқи канали YouTube, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат, парокандасозии он ва таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар миёни шаҳрвандони дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ иғво меангезад.
Ин иғвогари бефарҳанги ифротӣ бо ҷалби думравонаш, агар рӯзе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон тӯҳмату буҳтон наяфканад, худро ором намегирад ва кораш танҳо иғвоангезӣ, ғайбату тӯҳмат аст. Андешаҳои бегонапарастонаи М. Садриддин аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ ба тоифаи гумроҳшудаи бефарҳанги ифротӣ дохил мешавад, ки наметавонад ҳарфе бидуни ғараз гӯяд ва ақлу тамиз надорад, ки боре аз дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф занад.
Танҳо тоифаи бефарҳанги ифротӣ заррае дар вуҷуди худ меҳри Ватан надорад, ки пешравиҳои кишвари маҳбубамонро тан гирад ё боре баҳри тақвияти он пешниҳоди мушаххас карда бошад. Хулоса, ин қабил афроди пастфитрату бефарҳанги ифротӣ ва умуман наҳзативу навнаҳзатӣ наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро дигаргун созанд.
Чунки тамоми мардуми ҷаҳон, хусусан табақаи солимақлу соҳибфикр, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, пешбурди иқтисодиёт, муносибатҳои муваффақи дипломатӣ, иқдомҳои наҷибонаи табиатдӯстӣ дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории мамлакат ва ҳаёти орому осудаи мардуми Тоҷикистон мегӯянду меомӯзанд.
Дар интиҳо, андешаи хешро хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд
