САФСАТАГӮИҲОИ МУТААССИБИ ИФРОТӢ АЁН АСТ!

Мутаассифона, дар байни ҷомеаи имрӯза ҷоҳилоне арзи вуҷуд доранд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогарию тафриқаангезиро пеша намуда, барои ноором сохтани фазои ороми кишвари соҳибистиқлоламон баромад менамоянд. Бемаърифатони дурӯя, алалхусус наҳзатиҳо, пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон, дар кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат доранду оромӣ надоранд ва зимни баромадҳояшон фитна ангехта, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранд. Бо иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик доштанд, оқибат пушаймон гаштаанд, ки имрӯз он суде надорад. Дар натиҷа онҳо инсонҳои дарбадар ва дур аз Ватан мебошанд. Ин нафарони бетақдири гумроҳ ба мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, толеи баланду заҳмати созандагию бунёдкорӣ, мақому манзалати волои кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва неъматҳои насиби мардуми мо ҳавас мекунанду ҳасуд танашонро пӯшидаву нотавон кардааст.

Чунончи, яке аз мутаассибони ифротӣ, яке аз пайравони фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ислоҳ” таъсис додааст. Илова бар ин, муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир” низ мебошад. Ӯ зери шиорҳои динӣ бо ҷалби думравонаш баромад намуда, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло ва Муҳаммад Тағоев аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз маърифати паст дарак медиҳад.

Хулоса, М. Садриддин ва думравонаш — М. Тағоеву Абдулло бояд зӯри беҳуда назананд ва кӯшиши маънидодсозии беҳуда накунанд! Ин барои ҳар сокини бонангу ори кишвар маълум аст. Бо ибораи дигар, сафсатагӯиҳои мутаассиби ифротӣ аён аст. Мо, ҷавонони боору номуси кишвар, тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии М. Садриддинро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки ин бефарҳанги иғвогари ифротӣ бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯяд.

Бо сарбаландӣ метавон қайд кард, ки тоҷик миллати тавоност, зеро дар моварои таърих ягон хиёнат асолаташро шикаста натавонист ва ҳатто дар замони бедавлатӣ худро ғуломи аҷнабиёну бегонагон накард! Ин давлат побарҷост, то замоне ки дар садри он фарзандони бонангу ори ин миллат истодаанд! Зинда бод халқи Тоҷикистон, поянда бод Истиқлоли давлатӣ, ки мо имсол 35-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоем.

Маҳз ба шарофати ҳамин истиқлол ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи бадхоҳони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани ватани азизамон — Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро тавонистем пешгирӣ намоем.

Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ин хиради азалии худи мардуми худогоҳу ватанпарвар ва саъю талошҳои Сарвари давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *